"Ҳомии ҳуқуқ аз вакил будан дар як парлумони камранг беҳтар аст"

Ойниҳол Бобоназарова

Ҳуқуқдони саршиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова ба пешниҳоди ҲНИТ дар мавриди пешбарии номзадиаш аз сӯи ин ҳизб розӣ нашуд ва мегӯяд, ҳомии ҳуқуқ будан аз вакилӣ дар парлумони Тоҷикистон масъулияти бештар дорад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик ба пешниҳоди Ҳизби наҳзати исломӣ дар мавриди пешбарии номзадиаш ба интихоботи Маҷлиси намояндагон розӣ нашуд ва мегӯяд, ки ҳомии ҳуқуқ будан бештар аз масъулияти вакилии парлумони Тоҷикистон аст.

Имрӯз дар ҳавзаҳои интихоботӣ сабти номи номзадҳои якмандата шурӯъ шуд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти соли оянда баргузор мешавад ва ҳашт ҳизби сиёсии кишвар аллакай феҳристи номзадҳои худ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро эълон кардаанд.

Ойниҳол Бобоназарова рӯзи душанбеи 29 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба он хотир ба пешниҳоди Ҳизби наҳзат исломӣ розӣ нашуд, ки ҳомии ҳуқуқ будан бештар аз масъулияти вакилӣ дар парлумони Тоҷикистон аст ва беҳтар мешуморад, ки ба фаъолияти худ ҳамчун ҳомии ҳуқуқ идома диҳад.

Вай мегӯяд, "курсиҳои парлумон дар дасти намояндагони ҳизби ҳоким аст ва агар намояндаи ин ҳизб бошӣ, ба осонӣ соҳиби курсии Маҷлиси намояндагон мешавӣ. Аз ин рӯ, вакил будан дар ин парлумон чандон ҷолиб нест, вале аз ҳуқуқи як дармондаю мӯҳтоҷ ҳимоят кунӣ, ба суди ҷомеа хоҳад буд."

Вай гуфт, ки воқеан ҲНИТ ба ӯ пешниҳод карда буд, ки номзадии худро дар ҳавзаи якмандата пешниҳод кунад ва аз вай ҳимоят хоҳанд кард, вале пас аз андешаи зиёд дар бораи фаъолияти вакилӣ дар як парлумони камранг, аз ин иқдом даст кашидааст.

Ойниҳол Бобоназарова аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон буда, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотталаб номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шуда буд, вале бинобар ҷамъ наовардани имзоҳои матлуб, аз сабқат берун монд. Ӯ дар таърихи Тоҷикистон аввалин зане буд, ки ба ин мақом пешбарӣ шудааст. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива +” аст.

Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.

Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ба унвони номзади ягонаи мухолифин пешбарӣ шуд, вале номзадиаш ба далели ҷамъ наовардани 210 000 имзо сабт нашуд. Бо вуҷуди ин вай дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҳаққи мухолифони сиёсӣ ва занон ҳимоят кард.