Вай рӯзи 24-уми феврал дар паёми видеоӣ гуфт, муфаттишон “ягон айб наёфтанд ва парвандаро бастанд.” Феълан барои як муддат аз ин кишвар берун шудааст.
Ин блогер, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошт, дар моҳи январи соли 2024 бо гумони “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф” дастгир шуд.
Кумитаи тафтишоти Русия он замон иддао кард, ки ӯ “бо нашру паҳни наворҳои саҳнасозишуда духтарони дорои чеҳраи славяниро таҳқир мекард ва шаъну шарафи онҳоро паст мезад.”
Баъзе аз расонаҳои Русия гуфтанд, гап сари наворе меравад, ки блогер гуё дар он гуфтааст “ба зудӣ ҳамаи духтарони рус аз мо мешаванд”. Салмон (Ҷумъабой) Раҷабзода ин иддаоро беасос хонда буд.
Худаш гуфт, тамоми муддате, ки дар ҳабс қарор дошт, барои исботи бегуноҳии худ талош кард: “Бовар доштам, ки бегуноҳиям исбот мешавад. Бисёр қонунҳоро хондам. Бо вакилони хуб кор кардам. Ба мақомоти Русия шикоят менавиштам. Ба хондани китобҳои ҳуқуқӣ машғул будам.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Блогери тоҷик аз боздоштгоҳе дар Русия раҳо шудааст
Боздошти блогер, ки худи ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқ онро ба ғайрирус буданаш рабт медоданд, соли гузашта дар расонаҳо сарусадои зиёде ба по кард. Мақомот ва расонаҳои Русия ҳангоми арзёбии қазияи ӯ ҳамеша ба тоҷик буданаш ишора мекарданд, аммо хабари бекор шудани парвандаашро надоданд.
Салмон (Ҷумъабой) Раҷабзода, дар саҳифаҳояш дар Инстаграм ва ТикТок дар мавзуъҳои гуногун навору пурсишҳои ҳазломез мегузорад. Вай пеш аз боздошт гуфта буд, ки тамоми наворҳояш саҳнасозист ва касеро таҳқир ё нисбат ба нафаре бадрафторӣ накардааст.
Баъди боздошт мақомоти Русия шаҳрвандии ин зодаи Тоҷикистонро бекор кардаанд, аммо Салмон (Ҷумъабой) Раҷабзода мегӯяд, тибқи қонун ӯ бегуноҳ эътироф шуд ва бояд шиносномаи русияш барқарор шавад.
Аммо барои як муддат аз ин кишвар берун шудааст. Мегӯяд, бо вуҷуди исботи бегуноҳӣ дар Русия худро чандон амн эҳсос намекард: “Каме истироҳат мекунем. Гуфтанд, хатар нест, вале фикр кардам, ки беҳтар аст, як муддат аз Русия бароям.”
Дар гузашта ду блогери тоҷик дар Русия барои нашру паҳни аксу наворҳои ҷанҷолӣ ба муддати аз 10 моҳ то ду сол зиндон маҳкум шуда буданд.
Навор дар Инстаграм: