Блинкен дар Анқара бо Эрдуғон мулоқот кард

Энтони Блинкен ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки ба Ховари Миёна сафар кардааст, рӯзи 12-уми декабр аз Урдун вориди Анқара шуд ва дар фурудгоҳи "Esenboga"-и пойтахти Туркия бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон дидор ва гуфтугӯ кард.

Меҳвари гуфтугӯҳои ду тараф таҳаввулоти Сурия буд. Ба навиштаи "Рейтерз", ин дидор дар ҳоле анҷом шуд, ки шимоли Сурия дар рӯзҳои охир шоҳиди даргириҳое байни курдҳои мавриди ҳимояти Амрико ва нерӯҳои мавриди ҳимояти Туркия буд.

Бино ба баёнияи дафтари раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки кишвараш "барои амнияти миллии худ" чораҳои пешгирона дар Сурияро алайҳи ҳамаи "гурӯҳҳои террористӣ" анҷом хоҳад дод.

Ӯ ҳамчунин аз ҷомеаи байнулмилалӣ хост, барои бозсозии ниҳодҳо дар Сурия бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Аз сӯи дигар, Энтони Блинкен эълон кард, ки бо раисҷумҳури Туркия дар бораи "амнияти минтақаӣ ва интиқоли сиёсӣ дар Сурия", гуфтугӯ кардааст.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, раванди интиқол дар Сурия бояд "таҳти раҳбарии Сурия" ва "шомили ҳамаи суриягиҳо" бошад ва аз ҷони ғайринизомиён муҳофизат шавад.