Мақолаи тавҳин ба Ислом "Афғонистон Экспресс"-ро бо хатар рӯбарӯ кард (ВИДЕО)

Рӯзнома зери унвони “Исломи Толибон ва ДОИШ” мақолае ба нашр расонд, ки онро раиси ҷумҳур дар мулоқот бо рӯҳониёни кишвар тавҳин ба ислом арзёбӣ кард.

Раёсати амнияти миллӣ ва Вазорати иттилооту фарҳанги Афғонистон ба таҳқиқи рӯзномаи англисизабони “Афғонистон Экспресс”- чопи Кобул оғоз кардаанд. Ин рӯзнома зери унвони “Исломи Толибон ва ДОИШ” ҳафтаи гузашта мақолае ба нашр расонд, ки онро раиси ҷумҳур дар мулоқот бо рӯҳониёни кишвар тавҳин ба ислом арзёбӣ кард ва ба ин ду ниҳоди ҳукуматӣ дастур дод, ки ба ин нашрия расидагӣ сурат бигирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эътирозгарон муҷозоти хабарнигорони нашрияи англисизабони Кобулро талаб карданд.

Гарчи ин ду ниҳод гуфтаанд, ки то ҳол касе аз кормандони нашрия ва ё муаллифи мақола бозошт нашудаанд, вале рӯзномаи “Вашингтон Пост” аз қавли манобеи худ гуфтааст, ки чанд нафар дар робита бо ин қазия дар Кобул боздошт шудаанд. Дар мусоҳибае аз Абдулмуҷиб Хилватгар, раиси умумии дифоъ аз расонаҳои мустақили Афғонистон пурсидам, дар ин мақола чӣ навишта буданд ва чаро он сабаби вокуниши раиси ҷумҳур шуд?

Хилватгар: Мақола ба забони англисист ва ман онро хондам. Ин мақола бештар иттиҳомотеро матраҳ мекунад, ки аз дучори камбуд ё набуди маълумоти динии муаллифи мақола гувоҳӣ медиҳад. Аз тарафи дигар, дар ин мақола мавридҳое матраҳ шудааст, ки ба усули фиқҳӣ ва ба назари усули ислом баробар нест.

Озодӣ: Масалан, чӣ нукоти ин мақола боис шудааст, то бигӯянд ки Ислом дар он тавҳин шудааст, Худоро инкор мекунад ва мегӯяд, ки Худо вуҷуд надорад ё худои дигаре ҳаст ё нукоти дигар?

Хилватгар: Чанд масъаларо метавонем ин ҷо матраҳ кунем. Вале яке аз онҳо ин аст, ки ба мавҷудияти худи Худо иртибот дорад ва дар мақола ба наҳве Худо ба тамасхур гирифта шудааст. Яъне гӯё Худо сохтаи башар аст ва касоне, ки аз Худо мадад меҷӯянд, фақат дархосташонро худашон мешунаванд.

Озодӣ: Раёсати амнияти миллӣ ва Вазорати иттилооту фарҳанг мегӯянд, касе аз дастандаркорони ин мақола ва ё кормандони нашрия боздошт нашудаанд. Вале рӯзномаи “Вашингтон Пост” навиштааст, ки дар ин робита чанд нафар боздошт шудаанд. То чӣ андоза ин хабар сиҳат дорад?

Хилватгар: Маълумоте, ки шахсан худам дорам, гӯё чанд нафар аз дастандаркорони ин мақола боздошт шудаанд. Ҳатто шунидам, ки сардабири рӯзнома ҳам боздошт шудааст. Аммо на мақомоти амниятӣ ва на касоне, ки бо ин нашрия наздикӣ доранд, ин хабарро на рад мекунанд ва на таъйид мекунанд. Вале хабаре, ки ман дирӯз дастрас кардам, ба сурати возеҳ аз боздошт гувоҳӣ медиҳад. Аммо баъдан мавориде матраҳ мешавад, ки гӯё ин хабар дуруст набудааст. Бо вуҷуди ин гумони ғолиби ман ин аст, ки онҳо дастгир шудаанд.

Озодӣ: То ҳамин лаҳзаҳо, ки мову шумо сӯҳбат мекунем, ниҳоди шумо, яъне дидбони расонаҳои мустақили Афғонистон тавонистааст, бо ин афрод тамос бигирад, онҳо дастрас ҳастанд?

Хилватгар: Муттаассифона, шумораҳое, ки худи рӯзнома барои мардум эълон карда буд, ҳеҷ кадомаш фаъол нестанд. Шумораҳои шахсии баъзе аз дастандаркоронро ман пайдо кардам, вале онҳо ҳам кор намекунанд.

Озодӣ: Дафтари нашрия боз аст ё онро бастаанд?

Хилватгар: Дафтари онҳо муҳр зада шудааст. Ин нишон медиҳад, ки рӯзнома фаъол нест ва дафтараш баста аст.

Озодӣ: Шумо ба унвони раиси дидбони расонаҳои мустақили Афғонистон назаратон чӣ аст, оё ин мақола тибқи қонунҳои Афғонистон метавонад боиси боздошт ва ба зиндон рафтани дастандаркорон шавад?

Хилватгар: Қонунҳои Афғонистон ва ба вижа Қонуни Асосӣ пардохтан ба масъалаҳои хилофи исломиро рад мекунад. Аммо ёдамон бошад, ки худи шариати Ислом ва ҳамчунин усули динӣ вақте касоне маворидеро матраҳ мекунанд, ҷазоеро, ки барояшон таъйин мекунад, ба сурати возеҳ ба зиндон афкандан нест. Тавсия метавонад бошад ва омӯзиш метавонад бошад.

Озодӣ: Оқои Хилватгар, чаро раиси ҷумҳур ба ин мақола вокуниши шадид нишон дод, фикр мекунед вай ба ин тартиб мехоҳад муносибати худ бо доираҳои мазҳабиро нарму самимӣ нигоҳ дорад?

Хилватгар: Нигоҳ доштани муносибат бо доираҳои мазҳабӣ, бо гурӯҳҳои мазҳабӣ наметавонад бо шиддат амал кардан бо касоне, ки дар мавриди дин огаҳӣ надоранд, ҳосил шавад. Раиси ҷумҳури Афғонистон мехоҳад аз худ чеҳрае нишон диҳад, ки гӯё агар дар ғарб ҳам зиндагӣ кардааст, боварманд аст бо омӯзаҳои динӣ ва исломӣ.