Бар асари тирпаронии шахсони ношинос дар вилояти Балуҷистони Покистон 20 коргари кони ангишт кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.
Ҳодиса рӯзи 11-уми октябр иттифоқ уфтод.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҳамлагарон аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.
Як намояндаи пулис ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи ҳодиса оғоз шуд.