ВКД Қирғизистон аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ба навиштаи ин ниҳод, бо қочоқи маводи мухаддир аз хоки Тоҷикистон ба Қирғизистон машғул буд.
Дар хабари дафтари матбуоти ин кишвар рӯзи 27 апрел омадааст, ки дар паи як амалиёти муштараки ВКД ва дигар сохторҳои ҳифзи қонуни Қирғизистон, ду гумонбар боздошт шудаанд.
Мардони 44 ва 48-сола, ки шаҳрвандии онҳо зикр намешавад, бо иттиҳоми «қочоқи ҳашиш дар ҳаҷми махсусан калони 19 кг 248 грамм боздошт шуда» ба боздоштгоҳи шаҳри Бишкек интиқол ёфтанд.
Дигар аъзои эҳтимолии узви ин гурӯҳро ҷустуҷӯ доранд, навиштааст ВКД Қирғизистон.
Назари мақомоти Тоҷикистон ба ин амалиёт маълум нест.
Баъди муноқишаи пурхушунати марзии соли 2021 Қирғизистон сарҳадашро бо Тоҷикистон баст.