Аз Ғафуров то Раҳмон: Нигоҳе ба корномаи 5 раҳбари собиқи Тоҷикистон

Акси Бобоҷон Ғафуров дар пули 50-сомонӣ

Дар мавриди гузаштагон ё ҳарфи хуб мегӯянд ё ҳеҷ чиз. Аммо сиёсатмадорон дар ин байн истисноянд. Онҳоро бештар пас аз маргашон сифат ё ғайбат мекунанд ва баду некашонро ба “тарозуи таърих” мегузоранд.

Радиои Озодӣ дар остонаи рӯзи истиқлолият назаре андохт ба корномаи роҳбарони сатҳи аввали Тоҷикистон дар 50 соли охир.

Ба истиснои Эмомалӣ Раҳмон, чаҳор раҳбари дигар дар замони Шӯравӣ ҳукмронӣ кардаанд ва наметавонистанд аз хатти кашидаи Маскаву Тошканд зиёд берун раванд. Ба ҷуз аз Бобоҷон Ғафуров, муаллифи китоби шӯҳратёри "Тоҷикон", ки аз соли 1946 то 1956 котиби якуми ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ буд, дигар ҳеҷ як аз раҳбарони баъди ӯ қаҳрамони миллӣ нашуд ва исми ҳеҷ кадоми онҳо дар китобҳои дарсии таърихи Тоҷикистон низ нест.

ТУРСУН УЛҶАБОЕВ

Роҳбари аввали Тоҷикистон дар солҳои 1950- ум хатмкардаи омӯзишгоҳи педагогӣ ва Мактаби олии партиявии ҳизби коммунист Турсун Улҷабоев буд. Ӯ ҳамагӣ панҷ сол - аз соли 1956 то соли 1961 - котиби якуми Кумитаи Марказии (КМ) Ҳизби комунисти Тоҷикистон ё роҳбари кишвар буд. Оғози тарҳҳои бузург, ки то имрӯз иқтисоди Тоҷикистонро мечархонад, ба давраи раҳбарии ӯ рост омад. Даврае, ки раҳбарони маҳаллӣ барномаҳои муҳими серхарҷро ба истилоҳ аз “ҳулқум”- Маскав берун мекашиданд. Улҷабоев низ то ҷое аз ҳамин шева кор мегирифтааст.

Т.Улҷабоев. Акс аз Википедия

Манзура Улҷабоева, фарзанди севуми Турсун Улҷабов бо онки мегӯяд, падараш баҳсҳои сиёсиро аз идора ба хона намекашонд, саҳми ӯро дар саноатӣ шудани кишвар муҳим арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд: “Падарам дар оила ягон маротиба дар мавриди сиёсат гап намезаданд. Аммо дӯсти падарам Назаршо Додхудоев, раиси Шӯрои вазирони вақти Тоҷикистон қисса кард, ки боре дар як ҷаласа дар Кремл Хрушёв гуфтаст, ки Узбекистон талаб дорад, ки сохтмони Корхонаи алюминий, нуриҳои азотии Вахш, комбинати маъданҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ ба онҳо вогузор шавад. Аммо Турсун Улҷабоев аз толор бархоста гуфтааст, ки “Тоҷикистон калонияи кишвари дигар намешавад. Баъд аз ин гапи падарам ӯ ва ду нафари дигар Додхудоев ва Обносов раиси госпланро ба гузаргоҳи махфии зери Кремл мебаранд. Додхудоев мегӯянд, ки фикр кардем, ки акнун тамом, моро куштан мебаранд, чунки аз марги Сталин ҳамагӣ панҷ сол гузашта буд. Аммо бо ин роҳи зеризаминӣ онҳоро ба утоқи Хрушёв бурданд ва ӯ барои сохтмони корхонаи алюминий, нуриҳои азотии Вахш, нерӯгоҳи Норак ва комбинати маъданҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ иҷзоат дод,” –қисса кард хонум Улҷабоева.

Ба пиндори бархе аз таърихдонҳо, барои ҳамаи ин Улҷабоев ҳадафи Тошканд қарор гирифт ва шояд на бе ширкати он аз мақомаш барканор шуд.

Саломиддин Мирзораҳматов, хабарнигори собиқи нашрияи «Коммунист Таджикистана», ки ҳоло дар шаҳри Кокшитауи Қазоқистон ба сар мебарад, мегӯяд, рақобат бо Тошканд, танҳо дарди сари Улҷабоев набуд. Он замон котибони аввали ҳизбӣ аз мардуми маҳаллӣ буданд, вале котиби дуввум ҳатман рус буд ва аз Маскав фиристода мешуд.

Турсун Улҷабоев дастнишондаи Маскав Игор Ковалро, ки мебоист дар мақоми Котиби дуввуми Ҳизби коммунист фаъолият мекард, напазируфт. “Вақте Ковалро ба ҷои Обносов (котиби дуввуми КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон) аз Маскав таъин карданд Улҷабоев ба ин розӣ нашуд. Ба назди Хрушев рафта арз мекунад, ки Обносов аз хурдӣ дар Тоҷикистон асту кишварро хуб медонад, чӣ гуна мешавад ба ҷои ӯ Ковалро таъин кунем, ки нав омадаст. Хрушёв ин сухани Улҷабоевро мепазирад, аммо кина дар дили кормандони дастгоҳи марказии ҳизб боқӣ монд,”- мегӯяд Саломиддин Мирзораҳматов.

Баъдан, дар соли 1961 маҳз бо дастандаркории бевоситаи Ковал маводи бадномкунандаи зиёд бар зидди Улҷабоев ҷамъ шуд ва ӯ оқибат дар заминаи парвандаи изофанависии пахта аз мақом барканор гардид.

Улҷабоев бо аҳли хонаводааш. Акс аз солҳои 60

Ӯлҷабоев 5 сол роҳбари аввали Тоҷикистон буд, аммо фарзандонаш мегӯянд, ки онҳо зиндагие хоксоронае доштанд ва қариб мисли ҳамсолони дигарашон зиндагӣ мекарданду имтиёзи зиёде ҳам надоштанд. Матлуба Улҷабоева, духтари хурдии Улҷабоев мегӯяд: "Мо мисли фарзандони мардуми оддӣ зиндагӣ мекардем. Ҳатто ёд дорам, ки мани чорсоларо падарам ҳамроҳи оилаамон пахтачинӣ бурда буданд. Аз чизҳои хуб танҳо ҳаминро дар ёд дорам, ки падарам соли 1960 ҳамроҳи Хрушёв ба Амрико сафар карда буд ва ба ману апаам аз Амрико ҷинс оварда буданд. Лекин аз сӯи дигар, барои ман, масалан, баъди ҳамаи ҳамсояҳои ҳамсолам велесипед харида буданд.”

Бо назардошти талошҳои Улҷабоев барои сохтани нерӯгоҳи Норак, дар соли 1997 раисҷумҳури феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр содир кард, ки ГЭС- и Норак бо исми Улҷабоев номгузорӣ шавад.

ҶАББОР РАСУЛОВ

Раҳбари Шӯравӣ Леонид Брежнев (дар пеш аз аз рост) ва раҳбари Тоҷикистон Ҷаббор Расулов (Cоли 1973)

Пас аз Ӯлҷабоев Маскав Ҷаббор Расуловро роҳбари Тоҷикистон таъин кард, ки бо назардошти таҷрибаи талхи Улҷабоев хеле аз эҳтиёт кор мегирифт. Расулов то соли 1982 дар ин мақом боқӣ монд ва аз роҳбарони “дарозумр”-и Тоҷикистон унвон шуд. Давраи раҳбарии ӯ барои иқтисоди кишвар ва сатҳи зиндагии мардум давраи хуб унвон мешавад. Сохтмони неругоҳи Норакро, ки Улҷабоев иҷозаи онро ба қиммати курсиаш ба даст оварда буд, дар давраи раҳбарии Расулов анҷом ёфт. Абдулло Ғафуров номзади илмҳои таърих ва пажӯҳишгари Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд: “Расулов дар соли 1980 якумин маротиба дар таърихи Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли пахтаро ба як миллион тонна расонд. Ҳамчунин дар даврони ӯ нерӯгоҳи Норак, корхонаи алюминиюм сохта шуданд. Агар Тоҷикистон дар 70 соли даврони шӯравӣ ба чизе ноил шуда бошад, 50 дарсади он ба замони роҳбарии Расулов рост меояд”.

Зимнан, аз Расулов ҳамчун роҳбари хеле хоксор ва покдаст тавсиф мекунанд. Ҳамкорони собиқаш мегӯянд, ӯ то ҳадде орӣ аз фасод буд, ки ҳангоми сафарҳояш ба манотиқи Тоҷикистон хӯрокашро бо худ мебурд, то раисони колхоз барояш зиёфат ташкилкарда бо ин баҳона моли давлатро аз худ накунанд.

Саломиддин Мирзораҳматов бо ёдоварӣ аз хоксориҳои Расулов мегӯяд, вай ҳамчун роҳбари аввали Тоҷикистон дар бисоташ ҳамагӣ ду костюм дошт. Яке барои кор дар Тоҷикистон ва дигаре барои сафарҳои Маскав: “Вақте Ҷаббор Расулов мегузаранд, як комиссия барои дафн кардани ӯ ташкил мешавад. Баъдан аъзоёни ҳамин комиссия омада сейфи Расуловро мекушоянд. Аз дарунаш як дафтарчаи амонатӣ ёфт мешавад, ки дар он 4 ҳазору 200 рубли шӯравӣ захира шудааст. Расулов дар 21 соли раҳбариаш 4200 рубл (муодили 4200 доллар) ҷамъ кард, ки барои харидани як Жигулӣ ҳама намерасид. Жигулӣ 6 ҳазор рубл нарх дошт”.

Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон бо як амри дигар ноҳияеро дар шимоли Тоҷикистон Ҷаббор Расулов номгузорӣ кард.

Аммо дар мавриди ду роҳбари даврони охири Шӯравӣ -- Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов чунин сифатҳо камтар садо медиҳанд. Ҳарчанд ҳеч яке аз фарзандони онҳо мақоми давлатӣ надошт, аммо худи эшон ба ҳадди ҳамтоёни қаблиашон фурӯтан набуданд.

РАҲМОН НАБИЕВ

Раҳмон Набиев

Ба гуфтаи мақомдорони давраи раҳбарии Раҳмон Набиев, ӯ ба хотири айшу ишрат ва истифодаи аз ҳад зиёди машрубот дар соли 1985 аз вазифа барканор карда шуд.

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ Котиби КМ Ҳизби комунист оид ба кишоварзӣ, ки аз наздик бо Набиев ошно буд мегӯяд: “Набиев нӯшидану ташкилиҳоро хеле дӯст медошт. Дар сафарҳои худ дар ташкилиҳо ширкат мекард ва баъзан нӯшида, дигар худро дошта наметавонист. Баъзе нафарҳое ҳам буданд, ки махсус ин гуна зиёфатҳоро ташкил мекарданд. Ин гапҳо то ба Маскав рафта расиданд. Бинобар ин, он кас аз вазифа сабукдӯш шуданд.”

Ба сарнавишти Раҳмон Набиев, ки дар соли 1991 дубора ба қудрат баргашт ҳоло сӯҳбат хоҳем кард, аммо қабл аз дар бораи Қаҳҳор Маҳкамов мегӯем, ки охирин Котиби Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва нахустин президенти ин кишвар буд.

ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ

Қаҳҳор Маҳкамов соли 1985 раҳбари Тоҷикистон таъин шуд ва исми ӯ ба тазоҳуроти моҳи феврали соли 1990 ва ҳалокати 27 нафар рабт мегирад. Ба ин далел Маҳкамов дар ҷомеа маъруфият надорад ва аз баҳси ин мавзӯъ бо матбуот бештар фирор мекунад.

Таърихшинос Абдулло Ғафуров мегӯяд, Қаҳҳор Маҳкамов низ, ки ҳангоми соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар сари қудрат буд, натавонист мисли кишварҳои дигари шӯравӣ кулли боигариҳои мавҷударо миллӣ кунад. Ғаффоров мегӯяд дигар кившарҳои шӯравӣ ҳамаи қисмҳои ҳарбии дар қаламравшонбударо бо кулли таҷҳизоташ аз они худ карданд, ба ҷуз аз Тоҷикистон.

Қаҳҳор Маҳкамов

Маҳкамов дар таърихи 31 уми августи соли 1991 баъди “ГКЧП”дар як ҷаласаи порлумон дар ҳоле, ки ҷонибдорону мухолифонаш ба ӯ нобоварӣ изҳор карданд, бо ҷумлаҳое, ки “ман меравам, вале шумо пушаймон мешавад” аз минбар ва ҳамин тавр аз мақом канор рафт.

Баъд аз Маҳкамов, ки ҳоло дар қайди ҳаёт аст, Раҳмон Набиев аз тариқи як интихоботи баҳсбарангез дубора ба қудрат расид, вале ин интихоб на ба ӯ хубӣ овард ва на ба кишвар. Абдулло Ғафуров пажӯҳишгарӣ таърихи навини Тоҷикистон мегӯяд “Мутаассифона, Раҳмон Набиев дар даври аввали роҳбариаш ва на дар даври дуввум вазъи сиёсии навро дуруст дарк накард. Ӯ ба ҳамин системаи қаблӣ одат карда буд. Маҳз ҳамин сари вақт дарк накардани вазъияти нав дар даври дуввуми раҳбариашон боиси ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистон шуд.”

Аз Раҳмон Набиев кӯчае дар ноҳияи Cинои пойтахт боқӣ мондааст, ки бошандагони бузургсолаш соҳиби ин номро мешиносанд, вале гумон намеравад, ки насли ҷавон дар бораи ӯ чизе бидонад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Курсии раҳбарӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, ки то соли 1997 идома кард ва ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуд, аз Раҳмон Набиев ба Эмомалӣ Раҳмон гузашт.

Эмомалӣ Раҳмон

Ӯ панҷумин роҳбари Тоҷикистон дар 50 соли охир аст, ки 22 сол боз бидуни танаффус дар курсии раҳбарӣ нишастааст. Дар ҳоле ки раҳбарони пеш аз ӯро ба он айбдор мекунанд, ки ҳамагӣ зодагони як минтақа буданд, мунаққидони раисиҷумҳури феълӣ мегӯянд, вай хешу наздиконашро ба умури давлат ҷалб кардаву акнун дар банди онҳо мондааст. Ду фарзанди президент Раҳмон -- Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон - додарарӯсҳо ва чанде аз домодҳои ӯ мақоми давлатӣ доранд. Рустами Эмомалӣ - раиси Хадамоти гумрук ва Озода Раҳмон муовини вазири хориҷист.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, қиёс кардани тарзи зиндагӣ, рафтор ва молу мулки роҳбарони кунунӣ бо даврони шӯравӣшояд чандон дуруст нест, зеро ҳар яки онҳо дар замонҳои мухталиф ва дар сохтҳои мутафовит раҳбарӣ кардаанд.