Беш аз 200 касро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод кардаанд

Лаҳзаи озодии зиндониён

Лаҳзаи озодии зиндониён

Дар Тоҷикистон 53 зан ва 147 мардро аз зиндонҳои Ёвон ва Норак озод карданд. Ҳамроҳи онҳо 23 ноболиғ ҳам раҳо карда шудааст. Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия номи онҳоро нагуфт. Маълум нест, дар миёни озодшудаҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ба қавли наздиконашон бо иттиҳомҳои сохта ва ё дорои ангезаҳои сиёсӣ ба маҳбас андохта шудаанд.

Раҳоии беш аз дусад нафар рӯзи 21-уми март бар асоси фармоне сурат гирифт, ки рӯзе пеш раисҷумҳур имзо кард. Мақомот онро "бахшиши ҷазо" номидаанд, ки тақрибан нуҳсад касро дар бар мегирад. Онҳое, ки ҷинояти начандон вазнин, миёна ва вазнин кардаанду дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

"Бахшиши ҷазо аз тарафи президенти Тоҷикистон нисбат ба шахси муайян татбиқ мегардад. Бо ин санад шахси зиндонӣ метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам изофӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад. Моддаи 83-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон

Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯйхатро комиссияи ҳукуматӣ тартиб додааст ва онро ба зудӣ дастрасу нашр мекунанд.

"Рӯйхат дар дасти ҳукумат аст. Дар онҷо занҳо бисёранд. Як қисмаш имрӯз баромад. Махсусан онҳое, ки дар муассисаи ислоҳӣ кӯдак доранд. Авф хуб аст. Ман ҷонибдори авф ва бахшидани гуноҳ астам," – афзуд ӯ. Умаров дар мавриди эҳтимоли раҳоии баъзе аз хабарнигорон ва фаъолону сиёсатмадорони зиндонӣ посух надод ва беҳтар донист, мунтазири нашри рӯйхат бимонем.

Лаҳзаи озодии зиндониён

Лаҳзаи озодии зиндониён

То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазору 500 нафар сабт шудааст. Омори нав феълан дастрас нест.

Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.

Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, беш аз 50 нафар кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эълони афви 897 зиндонӣ дар Тоҷикистон