Арзиши рубли русӣ нисбати сомонӣ ба таври рекордӣ поин рафт.
Бонки миллии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 28-уми ноябр қурби ҳазор рубли русиро 96 сомониву 33 дирам муқаррар кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар баъзе аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҳазор рубл бо 95 сомонӣ ҳам иваз карда мешавад.
Рубли Русия аз аввали ҳамин сол арзиши худро нисбат ба пули миллӣ 46 сомонӣ ё 32 дарсад аз даст додааст.
Арзиши рубл барои аксар сокинон муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.