Рӯзи 16-уми август дар Минск пойтахти Беларус ва дигар шаҳрҳои ин кишвар даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, ҷамъ омаданд.
Фишор барои истеъфо ба Лукашенко, ки 26 сол боз ҳукумат мекунад, рӯз ба рӯз зиёдтар мешавад. Баъзеҳо мегӯянд, гирдиҳамоии азиме, ки дар Минск мушоҳида шудааст, дар гузашта ҳеҷ гоҳ дар Минск сурат нагирифтааст.
Александр Лукашенко, рӯзи 16-уми август дар як раҳпаймоии тарафдоронаш дар Майдони Истиқлол гуфт, ки тонку ҳавопаймоҳои Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ дар 15-километрии сарҳади кишвараш ҷойгир шудаанд ва кишварҳои ҳамсоя ба ӯ амр медиҳанд, ки Беларус интихоботи нав баргузор кунад. Дастуре, ки ба қавли худаш, Лукашенко онро рад кардааст.
Як сухангӯи НАТО иддао дар бораи басиҷ кардани нерӯҳо дар Аврупои Шарқиро рад кард. Ҳангоми суханронии Лукашенко ҳукумати Русия гуфт, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ ба у гуфтааст, бар тибқи муоҳидаи низомӣ, Русия омода аст, дар ҳолати зарурӣ ба Беларус кумак расонад.
У иддао кардааст, ки Белорус таҳти фишори хориҷӣ мондааст, вале чӣ гуна фишор маълум нест. Бори дуввум аст, ки ду раиси ҷумҳур дар чанд рӯзи ахир бо ҳам гуфтугу мекунанд. Баъди суханронии Лукашенко, тарафдорони мухолифони давлат ба раҳпаймоӣ дар Минск оғоз карданд ва ҳангоми убур аз назди Майдони Истиқлол, шиор медоданд, ки раиси ҷумҳур бояд биравад.
Александр Лукашенкоро дар интихоботи рӯзи 9-уми август пирӯз эълон карданд, ҳарчанд номзади мухолифин Светлана Тихановская дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар саросари кишвар тарафдори зиёде ба худ ҷалб кард. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои Беларус дар аҳди Лукашенко бино ба арзёбиҳои нозирони ғарбӣ озоду демократӣ сурат нагирифтаанд.
Дар ҷараёни тазоҳуроти мардумӣ, ки баъди интихобот оғоз ёфт, маъмурони амниятӣ 7 000 нафарро дастгир кардаанд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз тирҳои резинӣ, норинҷакҳои гиҷкунанда ва як дафъа аслиҳаи оташфишон истифода мебурд. Дар натиҷа садҳо нафар маҷруҳ ва ду нафар кушта шудаанд.
Онҳое, ки аз боздошт раҳо шудаанд, доир ба латукубу шиканҷа дар боздоштгоҳҳо суҳбат мекунанд ва видеову аксу санадҳои зиёдеро ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Ҳазорон нафари дигар дар боздоштгоҳҳо мондаанд. Ин амалкардҳои ҳукумати Белорус ҷомеаи байналмилалиро ба хашм овардааст.
Раҳпаймоии тарафдорони Лукашенко дар Минск чанд соат пеш аз тазоҳуроти мухолифон сурат гирифт ва хатари муноқишаи эҳтимолӣ байни ду ҷабҳаро ба вуҷуд овард.
Вебсайти мустақили хабариии Tut.by навиштааст, ки кормандони ҳукумат ва дигар муассисаҳои давлатӣ дастур гирифтаанд, ки дар раҳпаймоӣ ба тарафдории раиси ҷумҳур ширкат кунанд, вагарна аз кор ронда мешаванд.
Субҳи 16-уми август атрофи Майдони Истиқлол дар Минскро бо саддҳои оҳанин муҳосира карданд ва роҳҳои наздики онро бо мошину тракторҳо бастанд. Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, дида мешавад, ки одамонро дар автобусҳо аз дигар минтақаҳои Беларус ба Минск меоранд ва баъзе аз онҳо “Мо тарафдори Батка” ҳастем, шиор медиҳанд, ки манзур аз он Лукашенко аст.
Дар як ҳаракати ногаҳонӣ, Игор Лечшеня, сафири Белорус дар Словакия дар як видеое, ки маълум нест кай сабт кардаанд, бо тазоҳургарон изҳори ҳамраъйӣ мекунад. Теъдоде аз кормандони давлат, аз ҷумла, афсарони пулис ва кормандони Телевизиони давлатӣ аз тазоҳургарон ҳимоят кардаанд.
Дар чанд ҳафтаи гузашта, кормандони баъзе аз корхонаҳои бузурги саноатии давлатӣ коршиканӣ карданд. Рӯзи 15-уми август, ҳазорон нафар дар маросими дафни Александр Тараковский ширкат карданд, ки рӯзи 10-уми август дар ҷараёни эътирозҳо кушта шуд.
Ба гуфтаи мақомот, ӯ бар асари таркиши норинҷак дар дасташ ҳалок шуд, вале аз видеоҳои нав нашршуда ба назар мерасад, ки ӯро маъмурони пулис тир задаанд.
Чанд соат баъд аз ин ҳазорон нафар дар назди телевизиони давлатии Беларус дар Минск ҷамъ омада ва аз шеваи инъикоси ҳодисаҳои ахир тазоҳурот карданд. Ба гуфтаи онҳо, телевизион саркӯби тазоҳурот ва шеваи дурушти мақомот бо тазоҳургаронро бархӯрди дуруст ҷилва медиҳад. Тазоҳургарон аз хабарнигорони расонаҳои давлатӣ мехостанд, ки бинандаву шунаванда ва хонандагонашон “эҳтиром” кунанд.
Владимир Тезаренко, яке аз кормандони Телевизиони давлатии Белорус ба Радиои Озодӣ гуфт, “тақрибан 80 дар сади кормандони техникӣ” омодаи пайвастан ба коршиканӣ ҳастанд. Ӯ афзуд: “Ҳама чиз рӯзи душанбе маълум мешавад.”
Кумиссиёни марказии интихобот гуфт, ки Лукашенко 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, аммо рақибаш Тихановская мегӯяд, ки ӯ аз 60 то 70 дар сади овозҳоро соҳиб шудааст. Эстония, Латвия ва Литва рӯзи 15-уми август бо нашри як баёния аз ҳукумати Беларус хостанд, интихоботи нави “озоду одилона” баргузор кунад, аз истифодаи зӯр даст кашад ва зиндониёни сиёсиву боздоштшудагонро озод кунад.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 14-уми август фишор ба Лукашенкоро зиёдтар кард ва гуфт, ба зидди онҳое, ки дар тақаллубкорӣ дар интихобот ва саркӯби тазоҳургарон даст доранд, таҳрим ҷорӣ мекунад. Тихановская гуфт, ки барои интиқоли эҳтимолии қудрат “Шӯрои ҳамоҳангсоз” ташкил медиҳад ва аз ҷомеаи байналмилал тақозо кард, ки барои “муколама бо мақомоти Беларус” ба онҳо ёрӣ расонад.