Беларус худро барои "Раҳпаймоӣ барои озодӣ" омода мекунад

Тазоҳургарон дар назди Телевизиони давлатии Беларус

Қарор аст, имрӯз мардуми зиёде ба кӯчаҳои Минск, пойтахти Беларус ва дигар шаҳрҳои кишвар бароянд ва эътирози худро ба натиҷаҳои интихоботе, баён кунанд, ки дар он раиси ҷумҳури худкома Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд.

Раҳпаймоӣ бо номи Раҳпамоии миллӣ барои озодӣ чанд соат баъд аз раҳпаймоӣ ба нишони тарафдорӣ аз Лукашенко дар Минск сурат мегирад. Александр Лукашенкоро дар интихоботи рӯзи 9-уми август пирӯз эълон карданд, ҳарчанд номзади мухолифин Светлана Тихановская дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар саросари кишвар тарафдори зиёде ба худ ҷалб кард. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои Беларус дар аҳди Лукашенкоро бино ба арзёбиҳои нозирони ғарбӣ озоду демократӣ сурат нагирифтаанд.

Светлана Тихановская, ки ба Литва фирор кард, аз мардум хостааст, ки рӯзҳои 15 ва 16-уми август дар саросари Беларус тазоҳуроти осоишта баргузор кунанд. Лукашенко, ки рӯзи 15-уми август бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия суҳбат кардааст, гуфт, раҳбари Русия ба ӯ ваъда додааст, ки барои “таъмини амният дар Беларус” кумак мекунад.

Боздоштҳо ва қиссаҳо аз бераҳмӣ бо тазоҳургарон

Дар ҷараёни тазоҳуроти мардумӣ, ки баъди интихобот оғоз ёфт, маъмурони амниятӣ 7 ҳазор нафарро дастгир кардаанд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз тирҳои резинӣ, норинҷакҳои гиҷкунанда ва як дафъа аслиҳаи оташфишон истифода мебурд. Дар натиҷа садҳо нафар маҷруҳ ва ду нафар кушта шудаанд.

Онҳое, ки аз боздошт раҳо шудаанд, доир ба латукубу шиканҷа дар боздоштгоҳҳо суҳбат мекунанд ва видеову аксу санадҳои зиёдеро ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Ҳазорон нафари дигар дар боздоштгоҳҳо мондаанд. Ин амалкардҳои ҳукумати Белорус ҷомеаи байналмилалиро ба хашм овардааст.

Рӯзи 15-уми август ҳазорон нафар дар маросими дафни яке аз тазоҳургарон Александр Тарайковский ширкат карданд, ки ба гуфтаи мақомот бар асари таркиши норинҷак дар дасташ ҳалок шуд. Вале аз видеоҳои нав нашршуда ба назар мерасад, ки ӯро маъмурони пулис тир задаанд.

Чанд соат баъд аз ин ҳазорон нафар дар назди телевизиони давлатии Беларус дар Минск ҷамъ омада ва аз шеваи инъикоси ҳодисаҳои ахир тазоҳурот карданд. Ба гуфтаи онҳо, телевизион саркӯби тазоҳурот ва шеваи дурушти мақомот бо тазоҳургаронро бархӯрди дуруст ҷилва медиҳад. Тазоҳургарон аз хабарнигорони расонаҳои давлатӣ мехостанд, ки бинандаву шунаванда ва хонандагонашон “эҳтиром” кунанд.

Владимир Тезаренко, яке аз кормандони Телевизиони давлатии Белорус ба Радиои Озодӣ гуфт, “тақрибан 80 дар сади кормандони техникӣ” омодаи пайвастан ба коршиканӣ ҳастанд. Ӯ афзуд: “Ҳама чиз рӯзи душанбе маълум мешавад.”

Ваъдаи Владимир Путин ба Лукашенко

Александр Лукашенко, ки 26 сол аст, дар Беларус ҳукумат мекунад ва бори аввал аст, ба ингуна мухолифат рӯ ба рӯ мешавад, рӯзи 15-уми август бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия телефонӣ суҳбат кардааст. Ӯ баъдан гуфт, ки ҳодисаҳои ахир “на фақат таҳдид ба Беларус аст”.

Ӯ дертар ба фармондеҳони низомӣ дар кишвараш гуфт, Путин ваъда додааст, ки барои “таъмини амният дар Беларус” ҳаматарафа кумак мекунад. Мақомоти Русия гуфтанд, ки “мушкилот” дар Беларус ба зудӣ бояд “ҳал шавад” ва муносибатҳои ду кишвар тақвият ёбад.

Раҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз Александр Лукашенко бояд шоми 16-уми август дар Минск сурат бигирад. Вебсайти мустақили хабарии Tut.by навишт, ба кормандони ҳукумат ва муассисаҳои давлатӣ гуфтаанд, ки дар раҳпаймоӣ ширкат кунанд, дар акси ҳол аз кор ронда мешаванд. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки тазоҳургарони ду ҷабҳаи мухолиф бо ҳам муноқиша накунанд.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳангоми сафараш дар Лаҳистон рӯзи 15-уми август аз Александр Лукашенко хост бо ҷомеаи маданӣ “вориди муколама шавад” ва гуфт, метавонад дар ин муколама миёнҷигар бошад. Тазоҳургарон дар Белорус мехоҳанд, ки натиҷаҳои интихобот беэътибор карда шаванд, Кумиссиёни марказии интихоботи нав таъсис ёбад, зиндониёни сиёсиро озод кунанд ва интихоботи нав баргузор гардад.

Кумиссиён гуфт, ки Лукашенко 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, аммо рақибаш Тихановская мегӯяд, ки ӯ аз 60 то 70 дар сади овозҳоро соҳиб шудааст. Эстония, Латвия ва Литва рӯзи 15-уми август бо нашри як баёния аз ҳукумати Беларус хостанд, интихоботи нави “озоду одилона” баргузор кунад, аз истифодаи зӯр даст кашад ва зиндониёни сиёсиву боздоштшудагонро озод кунад.