Раҳоии Бека Берадзе, корманди бахши гурҷии Радиои Озодӣ

​​​​​​​Бека Берадзе

​​​​​​​Бека Берадзе, продюсери бахши гурҷии Радиои Озодӣ, рӯзи 3-юми декабр аз боздошт раҳо шуд.

Мақомоти Гурҷистон ӯро рӯзи якуми декабр дар маркази Тбилиси, дар наздикии бинои порлумон, дастгир карданд.

Ба нақли хабарнигор, пулис ӯро латукӯб ва таҳқир кард: “Маро бераҳмона заданд. Ба дохили як мусофирбари сиёҳ дароварданд. Дар он ҷо 6 каси дигар буд, ки латукӯб шуда буданд. Моро бисёр шиканҷа карданд. Дод зада мегуфтанд, “Шумо инқилоб мекунед? Ҳамҷинсгаро ҳастед?”

Тазоҳурот ва задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ дар Гурҷистон панҷ шаб идома кард.

Эътирозгарон субҳи сеюми декабр пароканда шуданд.

Онҳо ба зидди тасмими ҳукумати Гурҷистон дар бораи то соли 2028 боздоштани музокирот барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ба майдон баромаданд.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки дар рӯзҳои охир 224 эътирозгарро дастгир кардааст.