Дарёфти мурдаи Беҳрӯз Акаҷонови ҳаштсола

Беҳрӯз Акаҷонов

Ин хонандаи синфи дувуми яке аз мактабҳои пойтахт ҳашт рӯз пеш аз хонаашон баромада бедарак шудааст. Падараш мегӯяд, ҷасади Беҳрӯзро замоне ёфтанд, ки варам карда буд.

Ҷасади Беҳрӯз Акаҷонов, хонандаи синфи дувуми яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки ҳашт рӯзи қабл аз манзилашон берун баромада, беному нишон шуда буд, аз зери пул ё купрӯки дарёи Душанбе дар наздикии бинои “Шарқи Озод”, маъруф бо номи ГЖК ёфт шудааст. Ҷӯрабек Акаҷонов, падари Беҳрӯз, дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади фарзандашро субҳи 4 октябр пайдо кардаанд ва он алакай варам карда буд.

Оқои Акаҷонов мегӯяд, писарашро аз изе, ки дар пешонии ӯ аз замони кӯдакияш буд, шинохтаанд ва ташхис муайян карда, ки Беҳрӯз мавриди шиканҷа ва ё зарбу лат қарор нагирифтааст. Ин сокини шаҳри Душанбе афзуд, то ҳанӯз далели марги писараш маълум нест ва ҳатто гуфта наметавонад ӯ раҳгум зада ба дарё афтодааст ва ё касе ӯро ба он ҷо бурда. “Ҳоло ҷасади Беҳрӯзро ба хок супурдем ва ин савол бе ҷавобу доғи марги писари хурдсолам ҳамешагӣ дар дил боқӣ хоҳад монд”,-таъкид дошт ӯ.

Беҳрӯзи ҳаштсола рӯзи 26 сентябри соли ҷорӣ аз хонаашон берун баромада бо ҳамин бедарак шуд. Он вақт падари марҳум ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда дар шарҳи гум шудани писараш гуфта буд, “мо ният доштем, ба манзили дигар бикӯчем. Ман ҷиҳози хонаро бурданӣ будам, ки писарам гуфт: маро ҳам баред. Гуфтам, ин дафъа меояму туро ҳам мебарам. Вақте бозгаштам, алакай набуд.” Падари Беҳрӯз баъд аз он аз чанде расонаҳои маҳаллӣ барои дарёфти писараш кумак хоста, акси ӯро низ дар истгоҳу хиёбонҳо насб кард.

Тайи як моҳи охир ин дувумин ҳолати расмии пайдо гардидани ҷасади ноболиғонест, ки аз хонаашон баромада бедарак шудаанд. Дар оғози моҳи ҷорӣ ҷасади Осия (Сабоҳат Диловарова)-и 5-сола низ, ки рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пйотахт, гум шуда буд, дар ноҳияи Ҳисор ёфт гардид. Ҳарчанд кормандони пулиси ноҳияи Ҳисор изҳор доштанд, ки дар бадани ӯ аломатҳои марги маҷбурӣ мушоҳида мешуд, вале мақомот расман далели марги Осияро нагуфтаанд.

Мавзӯи гум шудани кӯдакону навҷавонон баъди бенишон гардидани Малика ва Сабина Араловаҳои хурдакак дар баҳори соли 2013, ки то ҳол на худашон ва на ҷасадашон ёфт нашудааст, доғ гардид. Ҳатто раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳодисаи нопадидшавии Малика ва Сабина изҳори нигаронӣ карда, ин ҳодисаро “ҷинояти доғдоркунандаи миллат” унвон карда буд. Вай ҳангоми ифтитоҳи Маҷмааи варзишии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли гузашта аз масъулони ВКД талаб намуд, барои ҳарчи зудтар ошкор кардани ин ҷиноят тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳарчанд гуруҳи бузурги ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомот барои пайдо кардани Араловаҳои кӯчак талош ба харҷ доданд, вале то кунун беҳосил будааст.