Акси чор гумонбари ҳамла ба "Крокус" дар гузашта ва ҳоло
Муҳаммадсобир Файзов, 19-сола, дар вилояти Иваново ба ҳайси сартарош кор мекард. Аввал дар сартарошхонаи "Плошадка" буд ва дар моҳи ноябри соли 2023 ба барбершопи "My Style" дар шаҳри Тейково рафт. Пас аз таҷрибаандӯзӣ дар ҷойи нави кор 11-уми январи имсол бо баҳонаи камии маош аз онҷо низ рафтааст. Акси аввал аз саҳифааш дар "ВКонтакте", акси дувум ҳангоми ҳозир шуданаш дар Додгоҳи Басманнии Маскав.
Фаридуни Шамсиддин, 25-сола, аз деҳаи Лойоби Ҳисор. Як додгоҳи шаҳри Маскав шаби 24-уми март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт. Наздиконаш мегӯянд, ба иттиҳоми эълонкардаи мақомоти Русия бовар надоранд. Фаридуни Шамсиддин соли 2022 издивоҷ карда, як писари ҳаштмоҳа дорад. Ба нақли хешонаш, шаш моҳ пеш ба Русия рафтааст. Акси аввал аз шабакаҳои иҷтимоӣ, акси дувум аз Додгоҳи Басманнии Маскав
Далерҷон Мирзоев пештар дар хонаи як хешовандаш дар Новосибирск сабтином шудааст. Ҳамин хешовандаш ба нашрияи “Комсомолская Правда” гуфтааст, ки ӯ қаблан таксӣ меронд, вале вақтҳои охир дар Маскав буд. Акси ӯ лаҳзаи бозпурсӣ ва мурофиаи додгоҳӣ
Далерҷон Мирзоев дар Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав
Фаридуни Шамсиддин дар навори бозпурсии мақомоти Русия
Саидакрам Раҷабализода, 30-сола, зан ва як фарзанд дорад. Ӯ гуфтааст, дар ёд надорад, ки кай ва дар куҷои Русия сабтином шудаааст. Ҳангоми боздошт як гӯши ӯро буридаанд ва тарафи рости сараш докапеч буда, дар рӯяш осори зарбулат ҳаст. Мақомоти Русия мегӯянд, ин акс аз лаҳзаи боздошти ӯст
Саидакрам Раҷабализода дар Додгоҳи Басмании шаҳри Маскав, 24-уми марти 2024
Муҳаммадсобир Файзов. Гуфта мешавад, ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, чашмаш сахт осеб дидааст.