Ширкати русии “Вымпелком” – молики бренди “Beeline” дар Тоҷикистон – хабарҳоро дар бораи ба фурӯш гузоштани ҳазорон манораи мухобиротиаш дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон тасдиқ кард.
Аммо Артём Минаев, масъули робита бо матбуот дар дафтари марказии ин ширкат дар Амстердами Ҳолланд, рӯзи 26 октябр дар посухи хаттиаш ба суолҳои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “сухан дар бораи қатъи фаъолияти “Вымпелком” дар Тоҷикистон намеравад.” Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Вымпелком” («Вымпел-Коммуникации») равандҳои ҷадид дар бозори мухобироти ҷаҳонро пайгирӣ дорад ва “моделҳои муассиртари тиҷорат барои идораи зербинои манораҳоямонро меомӯзем. Ин ба мо сарфаи харҷу вақтамон кумак ва ба экспансияи ҷуғрофӣ мусоидат мекунад.”
Масъулони ширкати “Таком” – молики бренди “Beeline” дар Тоҷикистон – низ мегӯянд, реҷаи кори ин ширкат тағйир наёфтааст ва онҳо ҳамчунон ба сурати маъмулӣ хидматрасонӣ ба муштариёни худро идома медиҳанд. Нисо Азизова, як масъули маркази матбуоти ширкати “Таком” рӯзи 26 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти онҳо ба сурати маъмулӣ идома дорад.
Вале овозаҳо дар бораи эҳтимоли тарки бозори Тоҷикистон кардани “Beeline” кормандони ин ширкати мухобиротиро нигарон кардааст. Як корманди ширкат ба Озодӣ гуфт, “ягон эҳтимолро дар ҳоли ҳозир наметавон сарфи назар кард. Ҳарчӣ шуданаш мумкин аст.”
Хабаргузории Bloomberg қаблан хабар дод, ки ширкати русии “Вымпелком” («Вымпел-Коммуникации») – молики бренди “Beeline” – ба хотир пӯшондани камбудиҳои молиаш имкони фурӯхтани то 50 000 манораи мухобиротиаш дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. “Beeline” танҳо дар Тоҷикистон 1300 истгоҳ (базовая станция) дорад. “Вымпелком” дар солҳои охир ба мушкилоти молии ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст ва бино ба муаррифиномааш дар Википедия, ин ширкат бо вуҷуди 22 миллиард доллар гардиши солона ва 221 миллион муштарӣ дар 16 кишвар танҳо дар соли 2013 ба маблағи 1 миллиарду 420 миллион доллар зиён дидааст.
“Beeline” бренди тиҷории ширкати “Таком” аст, ки аз соли 2006 дар бозори телефонҳои мобил ва интернети Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар бахши тоҷикистонии ин ширкат 380 нафар кор мекунанд ва тавре дар ҳисоботи он барои соли 2014 гуфта мешавад, “Beeline” аз соли 2006 ба ин сӯ ба буҷаи Тоҷикистон ба маблағи 310 миллион сомонӣ андозҳои мухталиф супурдааст.
Бренди “Beeline” дар Тоҷикистон, бино ба ҳисоботи расмиаш, 1,3 миллион муштарӣ дорад ва аз лиҳози шумори корбарон баъди “Вавилон”, ки шумори муштариёнашро беш аз 3,5 миллион нафар баровард мекунад, Tcell(3,3 миллион) ва “Мегафон” (1,8 миллион) чорумин ширкати ба истилоҳ “миллионер” дар бозори телефонҳои мобил ва интернети Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Хабарҳо дар бораи имкони ба фурӯш гузошта шудани манораҳои ширкати “Вымпелком” дар Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар ҳолест, ки дар моҳи сентябр ширкати шведии Teliasonera низэълон кард, ки ба хотири тамаркуз рӯи бозори Аврупо барномаҳояш дар6 кишвари АвроОсиё - Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Молдова ва Непалро батадриҷ мебандад. TeliaSonera моҳи марти соли 2010 вориди бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон шуда буд ва бо харидории ширкатҳои “Индиго Тоҷикистон” ва “Сомонком” ба ҷои онҳо бренди Tcell-ро ҷорӣ кард.
Улвия Ҳасанзода, ноиби президенти Teliasonera дар умури равобит бо ҷомиа ба Озодӣ гуфт, бренди Tcell метавонад ба дасти ширкатҳои дигар гузарад: “Ин аниқ аст, ки Teliasonera дар оянда тарки минтақаи АвроОсиё мекунад. Вале ин ки бо брендҳояш чӣ хоҳад шуд, ба харидори оянда ва шароити қарордоду муомила бо ин харидор вобаста аст, ки оё соҳиби ояндаи Tcell ин брендро дар бозори Тоҷикистон ба ҳамин ном ҳифз мекунад ваё номашро тағйир медиҳад.”
Хуруҷи TeliaSonera аз бозори АвроОсиёро бархе ба моҷарои тахаллуфоти молии Гулнора Каримова - духтари калонии президенти Узбакистон – рабт медиҳанд, ки ин ширкати шведиро низ вирди забони расонаҳо кард. Бино ба гузоришҳо, духтари президенти Узбакистон барои роҳ додани ширкатҳои хориҷии мухобиротӣ ба бозори ин кишвар садҳо миллион доллар пора гирифтааст.
Гуфта мешавад, танҳо TeliaSonera ба Гулнора Каримова 381 миллион доллар «ҳадя» кардааст. Дар пайи фош шудани ин моҷаро дар ду соли пеш раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов духтараш Гулнораро ба ҳабси хонагӣ андохт ва дастикам 9 тан аз шарикони ӯ дар Узбакистон ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳамзамон дар чандин кишвари Аврупо алайҳи Каримова ва шариконаш бо иттиҳоми шустушӯи пул парвандаҳо кушодаанд ва Амрико дар моҳи июл дар бонкҳояш 300 миллион доллареро, ки бовар меравад, ба Каримова ва ёрони ӯ тааллуқ доранд, мунҷамид кард.
Зимнан дар моҷарои ришвахории духтари президенти Узбакистон исми ширкатҳои русӣ, аз ҷумла МТС ва "Вымпелком" ҳам бурда мешуд. Гуфта мешуд, МТС барои роҳ ёфтан ба бозори Узбакистон ба Гулнора Каримова ва шарикони ӯ 350 миллион доллар ва"Вымпелком"-у ширкати зери назараш"Альфа-Телеком" – 176 миллион доллар «хайр» кардаанд.