Байден ишора кард, ки дар сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп маҳз аз чунин силоҳ истифода шудааст. "Ба самти Трамп аз силоҳи навъи "AR-15" оташ кушода шуд. Ин силоҳ барои ҳамла аст ва бо он одамони зиёд, аз ҷумла кудакон кушта шудаанд", - изҳор дошт ӯ.
Демократҳо дер боз талош доранд, ки фурӯши озоди силоҳи "AR-15" дар Амрико манъ карда шавад. Дар бештари кушторҳои дастаҷамъии пурсарусадо маҳз аз ин силоҳ истифода шудааст. Онҳо мегӯянд, барои дифоъ аз худ ин силоҳ зиёдатӣ аст.
Ҷумҳурихоҳон, аз ҷумла Трамп зидди маҳдудяити фурӯши ин навъи силоҳанд. Ҳамҳизбони Доналд Трамп бо ишора ба ислоҳи дувуми Конститутсия мегӯянд, муқобилияти шахси мусаллаҳ бо ҷинояткор босамар хоҳад буд.
Тафтиши сӯиқасд ба ҷони Трамп дар Пенсилвания, ки 13 июл сурат гирифт, идома дорад. Дар натиҷаи ин ҳамла ба ҷуз аз президенти собиқ, ду кас захмӣ ва як тани дигар кушта шуд. Ҳамлагари 20-сола Томас Крукс ҳам аз сӯи нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Сабабҳои ҳодиса ҳанӯз номаълуманд.