"Баскин Роббинс" рақибонро дар бозори Тоҷикистон ба чолиш мекашад (Видео)

Фурӯшгоҳи нахустини "Баскин Роббинс" дар Душанбе, ки ҳаминак ду рӯз боз дараш ба рӯи муштариён боз шудааст, аллакай муштариёни худро пайдо кардааст. Масъулони ин фурӯшгоҳ мегӯянд, бисёре аз муштариёнаш хориҷиҳо ҳастанд, ки барояшон бренди "Баскин Роббинс" ошно ҳаст. Бархеи дигар пас аз як бор чашидан муштарии яхмосҳои ин фурӯшгоҳ шудаанд.

Қимати яхмосҳои ин фурӯшгоҳ дар Тоҷикистон аз 14 то ба 81 сомонӣ мерасад. Нархи торт ва дигар шириниҳо аз сад сомонӣ боло аст. Бо ин, ки таъми яхмосу шириниҳои "Баскин Роббинс" хеле хуб аст, аммо мизони маоши миёна дар Тоҷикистон каме беш аз 800 сомонӣ муодили 127 доллар аст ва на ҳама муштариёни тоҷик имкони ком ширин кардан аз ин яхмосҳоро доранд. Муассисони ин фурушгоҳ мегӯянд, дар хориҷа қимати як яхмоси ин ширкат аз ду доллари амрикоӣ камтар нест ва онҳо баръакс бо назардошти тавоноии харидорони тоҷик, ҳадалимкон қимати онро поин бурдаанд.

Фурӯшгоҳҳои бузурги шабакавӣ мисли "Баскин Роббинс" дар такя ба ҷайби синфи миёна ва ё дорои аҳолӣ вориди ин ё он кишвар мешаванд. Бинобар арзёбии ду сол қаблии Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон, ҳамагӣ 22 дарсади аҳолии кишвар шомили қишри миёнҳол ҳастанд ва маълум нест, ки бӯҳрони охири иқтисодӣ, чанд дарсади сокинони Тоҷикистонро аз ин қишр кам кардааст. Ин аст, ки шабакаҳои шинохташудаи фурӯши ғизо мисли Макдоналдс, KFC, ки дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон ба чашм мехӯранд, Тоҷикистонро сарфи назар кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Яхмоси "Баскин Роббинс" дар Тоҷикистон муштарӣ меёбад?

Дар Тоҷикистон ширкатҳои яхмосу шириниҳои Эрон, Туркия ва ҳатто Украина низ, ки дар аввали солҳои 90-ум вориди бозори Тоҷикистон шуда буданд, муштариёни худро доштанд. Аммо бо вориди бозор шудани маҳсулоти ширкатҳои ватание мисли "Шириниҳои Шарқ", "Амирӣ" ва Корхонаи қаннодии "Ширин"-и Душанбе, ҷойи онҳо дар бозор танг шуд ва билохира бисёре аз анвои ин қаннодиҳо аз рафҳои фурӯшгоҳҳо ғайб заданд.

Шабакаи фурӯшгоҳҳои яхмосу шириниҳои "Баскин Роббинс"-ро бародарон Робинс ва Баскин ҳанӯз соли 1947 дар Амрико таъсис додаанд. Ин шабакаи байналмилалӣ ҳоло танҳо дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ беш аз 300 нуқтаи фурӯшро дар ихтиёр дорад. Маъмурияти ширкати "Баскин Роббинс" дар кишварҳои ИДМ бо пахши як изҳорот гуфтааст, “дар садад аст дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ҳам” фурӯшгоҳҳои расмии хешро боз кунад.