Дар дӯкончаи сайёру хурд Мавлони 11-сола дар баробари донагиву шириниҳо, сигор ҳам мефӯрушад. Дар бораи зарари сигор чизе намедонад, фақат ҳаминро медонад, ки сигор аз байни дигар молҳо ба ӯ фоидаи бештар меорад. Аммо агар лоиҳаи нави қонун дар бораи "маҳдуд кардани тамоку" қабул шавад, Мавлон аз фурӯши ин моли сердаромад маҳрум хоҳад монд.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Лоиҳаи нави қонун дар бораи "маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку", ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода шудааст ва қарор аст, ба порлумон фиристода шавад, харидуфурӯши беназм ва дастрасии содда ба тамоку ва истифодаи он дар тарабхона, қаҳвахона ва дар дохили дигар биноҳоро қатъиян манъ мекунад. Пештар муштариён иҷоза доштанд, ки дар ҷойи махсус ҷудошуда барояшон тамоку кашанд.
Дар сурати қабул шудани тарҳи мазкур фарди сигоркаш бояд барои "дуд додан" ба берун барояд. Дар ин лоиҳа чун истисно дар бархе аз муассисаҳо, аз ҷумла шифохонаҳои бемориҳои руҳӣ ва зиндон иҷозаи истифода аз тамоку дар дохил дода шудааст. Ин нукта ҳам ҳоло мавриди баҳс аст.
"Маҳдудиятҳо зиёд шудааст дар ин қонун ва мо агар ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон назар кунем, мебинем, ки чунин маҳдудиятҳо ҳастанд. Худи маҳдудкунии истеъмоли тамоку мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ, мисли бемории қалбу раг ва саратон аст", – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров муовини вазири тандурустӣ ба Радиои Озодӣ.
Тоҷикистон соли 2013 ба эъломияи умумиҷаҳонӣ оид ба мубориза бо тамоку ҳамроҳ шудааст, аммо қонуни феълӣ барои мубориза бо тамоку заиф унвон мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳоло истифодаи сигору нос миёни наврасон ва занон ҳам як навъ муд шудааст.
Дур кардани насли ҷавон аз сигор
Аввал ин ки арзон аст. Шумо метавонед, як қуттии сигорро бо беш аз 3 сомонӣ гиред...
Сабаб ҳам ба гуфтаи Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони лоиҳаи нави қонун, ин фурӯши фаровони сигорҳои навъи мухталиф махсусан тамокуҳои хушбӯву хуштамъ аст, ки диққати ноболиғонро ҳам ба худ мекашанд. Ба қавли ӯ, ҳадаф аз тағйири қонун ба воя расондани насли солим ва дур нигаҳ доштани наврасон аз тамоку аст.
"Аввал инки арзон аст. Шумо метавонед, як қуттии сигорро бо беш аз 3 сомонӣ гиред. Нос дастрастар аз сигор аст. Аз сӯйи дигар, ҳоло қуттиҳои сигор хеле зебо оро дода шудаанд. Номҳои ҷолиб доранд. Барои мисол Кисс ва Дрим, ки махсус барои ҷалби таваҷҷӯҳи ноболиғон равона шудаанд. Сигорро онҳо як мояи ифтихор ва нишони бузург шудани худ медонанд", - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Баҳодур Ҳабибов мегӯяд, дар сурати гаронтар шудани арзиши сигор, дастрасии ноболиғон ба тамоку кам мешавад ва ҳам нисфи мардуми сигору носкаш тарки ин одат мекунанд. Ин пешниҳод ба лоиҳаи нави қонун ворид нашудааст, аммо Ҷошуа Абрамс, раҳбари барнома оид ба мубориза бо тамоку дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки барои расонидани таҷрибаи кишварҳои дагар ба Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, бо 10 дарсад боло бурдани нархи тамоку, ҳаёти 10 миллион нафарро мешавад наҷот дод.
Ба қавли ӯ, Украина 6 сол аст, ки қимати аксиз аз сигорро боло мебарад. "Вақте нарх боло меравад, талабот кам мешавад. Як роҳи дигари муҳиму хуби маҳдуд кардани тамоку ин манъи истифодаи он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва тарабхонаҳо аст", - афзуд Абрамс.
Мутахассиси хориҷӣ мегӯяд, вақте дар шаҳри Ню-Йорк дар Амрико қонун дар манъи сигоракашӣ дар тарабхонаҳо қабул шуд, матбуот доду фарёд бардоштанд, ки тарабхонаҳо касод мешаванд, аммо баъди муддате вазъ баръакс шуд. Вай гуфт, "теъдоди муштариёни тарабхонаҳо афзуд. Яъне, мардум дигар бо хонавода ва фарзандон ба тарабхонаҳо меомаданд ва хеле роҳат буд бе дуди сигор он ҷо нишастан."
Омори такондиҳандаи носу сигоркашӣ
Тибқи пажӯҳишҳо дар Тоҷикистон даҳ дар сади афроди калонсол ба тамокукашӣ майл доранд. Бар асоси оморҳои расмӣ, феълан дар кишвар беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад зан ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Пажӯҳишҳо муайян кардаанд, ки аз истифодабарандагони солманди тамоку қариб 80 дар сади онҳо наметавонанд то охири умр ин одатро тарк кунанд. Низомиддин Мирзоеви бознишаста 51 сол боз сигор мекашад. Вай мегӯяд, агарчӣ дар бораи зарарҳои тамоку маълумоти зиёд дорад, вале ҳеҷ вақт талоши тарки онро накардааст ва бовар ҳам надорад, ки рӯзе тарки он кунад.
Масъалаи дигаре, ки боис ба нигаронии муттахасисон ва ислоҳи “Қонун дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку" шудааст, истифодаи фаровони нос миёни сокинон аст, ки ба гуфтаи табибон зарари он бештар аз зиёни сигор аст. Иттифоқи истеъмолкунандагон дар як санҷиш аз нуқтаҳои омодасозии нос ба ин хулоса омадааст, технологияи таҳияи ин навъи тамоку мухолифи тамоми муқаррарот аст.
"Онро дар як тағораи калону ифлос омода мекунанд. Нафаре, ки нос омода мекунад, дастпӯш надорад ва либосаш ҳам тоза нест, бӯйе ки он ҷо мекунад, даҳшатнок аст. Бренди онҳо ҳам носи 67 будааст", - мегӯяд Елена Кравченко - як масъули дигари иттифоқи истеъмолкунандагон.
Теъдоди носкашҳо дар Тоҷикистон назар ба онҳое, ки сигор мекашанд, хеле бештар аст, чун ин навъи тамоку хеле арзону дастрастар аст. Аммо муттахасисони соҳаи тандурустӣ умед доранд, бо тасвиб шудани лоиҳаи нави қонун “Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку” дар порлумон, истифодаи носу сигор кам ва заҳролудшавӣ аз дуди тамоку ҳам коҳиш хоҳад ёфт.