Ҳанӯз ҳам бо шеваҳои гуногун мақомоти рус талош мекунанд, ки зиндониёнро ба ҷанг дар Украина ҷалб кунанд. То кунун хабари кушта шудани садҳо зиндонӣ расонаӣ шудааст.
Дилфуза, шаҳрванди Узбекистон, ки барои кумак ба писари зиндониаш барои кор ба Маскав рафтаааст, мегӯяд, ба фарзандаш пешниҳоди иштирок дар ҷанг додаанд. Ӯ гуфт, писараш шикоят кардааст, ки “онҳоро ба ҷанг мебаранд ва зери фишор қарор доранд.”
Мақомот писари ӯро маҷбур кардаанд, ки дар санаде имзо кунад ва ризоият диҳад, ки гӯиё ӯ “ихтиёрӣ” ба ҷанг меравад.
Писари Дилфузаро соли 2022 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошту зиндонӣ карданд. Ӯ худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, тӯматаш кардаанд.
Дар Маскав Дилфуза дар ду ҷой кор мекунад. Рӯзона фаррошӣ ва шабона чун нигаҳбон кор мекунад, то тавонад барои писараш ғизо бараду кумак кунад.
Моҳҳои ахир модарро сарнавишти писараш сахт нигарон кардааст. Метарсад, ки ӯро ба ҷанг мебаранд.
“Мо онҳоро барои ҷанги Русия назодаем. Вай мегӯяд, ки “моро намезананд, ҷанг намекунанд, вале фишори равонӣ меоранд. Ҳатто агар як дақиқа дер кунед, ҷазо мегиред." Мегӯяд, “тасодуфан агар шумо бо пояфзоли хонагӣ бароед, дар таҳхона маҳкам мекунанд.” Писари ман 10 рӯз боз дар таҳхона аст. Вай бачаи ҷавон аст. Барои ҳамин онҳо “хаста шудем” гуфта, ба ҷанг мераванд,”—гуфт ӯ.
Дилфуза 20 сол пеш шавҳарашро аз даст дод ва бо ду фарзанд танҳо монд. Дар Узбекистон ба кишоварзӣ машғул буд ва шир мефурухт. Ба далели тангдастӣ, писараш баъди хатми мактаб таҳсилро идома надод ва барои кор ба Русия рафту зиндонӣ шуд. Ба модараш гуфтааст, ӯро фиреб карданд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Отабек, маҳбуси дигари узбек мегӯяд, аксари муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар зиндонҳои Русия маҳз бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир адои ҷазо мекунанд. Бархе барои осон ба даст овардани пул ба ин кор даст зада, гурӯҳи дигар ба доми фиреб афтидаанд.
“Аксарият чунин зиндонӣ мешаванд. Масалан ба курер занг мезананд, ки як бастаеро ба кадом хешаш расонад. Кушодану дидани он манъ аст. Дар он баста нашъа мегузоранд. Як ҷавони курерро ана ҳамин хел боздошт карданд,”—гуфт ӯ.
Як муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки курер ё борбар кор мекунад, дар наворе мегӯяд, бояд бастаҳои фармоишро тафтиш карда, баъд аз ҷое ба ҷое бурд.
Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, миёнаҳои моҳи сентябр маҳз ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шуд ва қариб буд пояш то зиндон кашида шавад.
“Ба ман "заказ" омад, аз Яндекс. Бубинед, дар дарунаш маводи мухаддир аст. Ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро интизорам. Бародарон ҷиддӣ бошеду эҳтиёт кунед ва бодиққат бошед, ки подстава зиёд шуда истодааст,”—гуфт ӯ.
Барои қочоқи маводи мухаддир дар Русия то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Барои кам кардани муҳлати адои ҷазо бархе аз муҳоҷирон омодаанд, ба ҷанг раванд.
Отабек, муҳоҷири узбек гуфт: “Чанде пеш шиносҳои ман барои рафтан ба ҷанг қарордод имзо карданд. Ба онҳо гуфтаанд, агар аз шаҳрвандии худ дар Узбекистон даст кашед, ба ҷанг бурда мешавед. Онҳо имзо карданд.”
Ба нақли Отабек, наздикони зиндониён талош доранд, онҳоро барои идомаи адои ҷазо ба ватанашон бифиристанд, аммо бенатиҷа. Дилфуза ҳам барои истирдоди писараш аз Русия ба Узбекистон ба ҳамаҷо ва президент муроҷиат кардааст.
Волидони маҳбусони тоҷики Русия ҳам мегӯянд, борҳо бо ин дархост ба мақомот муроҷиат кардаанд, аммо дархостҳояшон беҳосил будааст. Ҳазорон муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло дар зиндони Русия адои ҷазо мекунанд.