"Устод Ато": Ба ман мақоми ноиби аввали президентро пешниҳод карданд

Атомуҳаммади Нур, маъруф ба "Устод Ато" ва волии Балх, гуфт, ҳукумати марказии Афғонистон ба ӯ пешниҳод кардааст, ки дар сурати канор рафтани генерал Абдурашид Дӯстум, метавонад муовини аввали раиси ҷумҳурӣ бошад. Музокирот миёни Атомуҳаммади Нур ва Арг - кохи раёсати ҷумҳури Афғонистон - чанд вақт боз идома дорад.

Ман хайротхӯр нестам, ӯ (генерал Дӯстум) хуб аст, хароб (бад) аст, муовини аввали раёсати ҷумҳурӣ аст. Агар генерал Дӯстум канор меравад, як узбак бояд ҷойнишинаш шавад.
Атомуҳаммади Нур

Абдурашид Дӯстум ба латту кӯб ва озори ҷинсии Аҳмад Ишчӣ, волии пешини вилояти Ҷузҷон, муттаҳам дониста мешавад ва ҳоло зери фишори сиёсӣ қарор дорад. Созмонҳои байналмилалӣ аз ҳукумати Афғонистон талаб доранд, ки қазияи латту кӯб ва озори ҷинсии Ишчӣ аз тарафи Дӯстум ва муҳофизонашро ҷиддан баррасӣ кунад.

"Ман хайротхӯр нестам"

Атомуҳаммади Нур дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз мақомоте, ки ба ӯ чунин пешниҳоде кардаанд, ном набурда, вале гуфтааст, "ман хайротхӯр нестам, ӯ (генерал Дӯстум) хуб аст, хароб (бад) аст, муовини аввали раёсати ҷумҳурӣ аст. Агар генерал Дӯстум канор меравад, як узбак бояд ҷойнишинаш шавад." Мақомоти Арги раёсати ҷумҳури Афғонистон то ба ҳол дар робита ба ин суханони Атомуҳаммади Нур вокуниш нишон надоданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Ин изҳори назари Атомуҳаммади Нур дар мавриди пешниҳоди мақоми муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон барои ӯ дар ҳолест, ки аз чанд вақт ба ин тараф музокирот миёни Атомуҳаммади Нур – сарпарасти вилояти Балх – ва Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон идома дорад. Расонаҳо дар пасманзари ин гуфтугӯҳо навиштанд, ки ҳукумати марказӣ мехоҳад, Атомуҳаммади Нурро ба яке аз вазифаҳои калидӣ дар Кобул таъин кунад.

Атомуҳаммадро чӣ ба музокирот бурд?

Аз сӯе афроди наздик ба Атомуҳаммади Нур гуфтанд, нокомии Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон – сабаб шуд, то ӯ ба намояндагӣ аз Ҳизби ҷамъияти исломӣ вориди музокирот бо раиси ҷумҳур шавад. Сарпарасти вилояти Балх яке аз ҳомиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи се соли пеши президентӣ буд.

Наздикони сарпарасти вилояти Балх гуфтанд, дар ҷараёни музокироти аввалия миёни раиси ҷумҳур ва Атомуҳаммади Нур бархе тавофуқот сурат гирифтааст. Фарҳод Азимӣ, узви парлумони Афғонистон, гуфт, вале пешшарте дар бораи канор рафтани ӯ аз раёсати вилоят вуҷуд надорад. Азимӣ рӯзи 1 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте натиҷаҳои ниҳоии музокирот ба даст ояд, дар он сурат масъалаи канорагирии Атомуҳаммад Нур низ маълум хоҳад шуд. Аммо вай сад дар сад дар таъини волии нави Балх нақш хоҳад дошт."

"Вазъияти Афғонистон шикананда аст"

Масъалаи латукӯби Аҳмади Ишчӣ генерал Дӯстумро дар ҳолти душвор қарор додааст.

Атомуҳаммади Нур қаблан дар як сӯҳбаташ вазъияти кунунии Афғонистонро шикананда дониста ва гуфта буд, "дар талоши ҳимоят аз ҳукумати марказӣ аст". Вай гуфт, барои эҷоди якдигарфаҳмии сиёсӣ миёни ӯ ва Арг, кохи раёсати ҷумҳури Афғонистон, тарҳе ҳам таҳия шудааст, ки баъд аз мушовара бо сарони Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва тарафҳо ба имзо хоҳад расид. Оқои Нур афзуд, дар сурате, ки Арг ба ваъдааш вафо кунад, ӯ омодааст, ки аз мақоми сарпарасти вилояти Балх канор равад.

"Устод Ато"

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи "Устод Ато" маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон буд хизмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад.

Вай соли 1964 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11-соларо дар он ҷо хатм кард. Соли 2008 дипломи бакалаври донишгоҳи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст. Аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон буда, аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд.