Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи муҷоҳидони собиқ ба президенти Афғонистон


Муҳоҷидони собиқ бо ироаи як нома ба президент Ашраф Ғанӣ ӯро аз иттиҳоди ин ду нерӯ бар зидди ҷангиён дар шимоли Афғонистон огоҳ карданд

Бахше аз фармондеҳон ва муҳоҷидони собиқ аз “Ҷамъияти исломӣ" ва “Ҷумбиши исломии” Афғонистон бо ироаи як нома ба президент Ашраф Ғанӣ ӯро аз иттиҳоди ин ду нерӯ бар зидди ҷангиён дар шимоли Афғонистон огоҳ карданд. Дар номаи раҳбарияти ин ду ҳизб, ки пешвоёнашон генерал Адуррашиди Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ва волии Балх Атомуҳаммади Нур мебошанд, пешниҳод шудааст, ки нирӯҳои зери итоати ин ду генерал мушатаракан ба мубориза алайҳи ҷангиён дар Бадахшону Форёб сафарбар шаванд. Ба гуфтаи Забеҳуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи ҳизби "Ҷамъияти исломии Афғонистон", даъват ба иттиҳод дар муқобили “душмани муштарак” нахуст аз Форёб баланд шуд ва баъдан ба Балху дигар манотиқи шимоли Афғонистон гузашт.

Ашраф Ғанӣ дар робита ба иттиҳоди ин ду нирӯ то ҳол вокунише накардааст ва маълум нест, ки мавқеи ӯ дар ин робита чигуна аст. Намояндагони ин ду нерӯ мегӯянд, ки шумори зиёди ҷангиёни мухолифи ҳукумати Афғонистон ҳоло дар вилоёти Форёб ва Бадахшон ҷамъ шуда, бештар ба шакли гурӯҳҳои чирикӣ (партизанӣ) иборат аз 50 то 100 ҷангӣ дар маҳалҳо сарҷамъ шудаанд.

Мунир Фарҳод, сухангӯи волии Балх дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, "Душман дар Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон марзи муштарак дорад ва дар Форёб, ки бо Туркманистон ҳамсарҳад аст, лона гузоштааст". Ӯ мегӯяд, теъдоди зиёди ҷангиён дар Форёб – дар қисматҳои Ғурмоҷ, Алмор ва Қайсар сангар гирифтаанд. Мусоҳибони мо мегӯянд, ки шумори дақиқи ҷангиён маълум нест, аммо ба иттилои онҳо, садҳо ҷангии хориҷӣ дар сафи онҳо қарор доранд. Мунир Фарҳод гуфт, ки бахши умдаи хориҷиҳо аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз омадаанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳадафи ниҳоии ҷангиёни мусаллаҳ “мустақар шудан дар марзҳои шимолии Афғонистон ва баҳам задани амният дар кишварҳои Осиёи Миёна аст”.

Дар номаи Атомуҳаммади Нур ва Абдуррашиди Дӯстум ба унвонии президенти Афғонистон гуфта мешавад, ки онҳо метавонанд бо истифода аз нуфуз ва имконияти мардуми маҳаллӣ зидди душман дар шимол ва шимолу шарқи кишвар вориди набард шаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, як моҳи охир худи волии Балх дар маҳалаҳои ноамни ҳудуди ин вилоят ҳамроҳ бо нирӯҳои полис, амният ва урдуми миллӣ зидди ҷангиён амалиёт ба роҳ мондааст:

“Илова ба ин, дар ҳар макон сокинони маҳаллиро дар масҷид ҷамъ оварда аз онҳо даъват мекунанд, ки дар амри мубориза бо душман дар канори полису нирӯҳои миллии кишвар бошанд ва бо масъулини амниятӣ ҳамкорӣ кунанд”, гуфт ӯ.

Марзҳои ҷанубии Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин бахшҳои сарҳади кишвар ба шумор меравад. Ин марзҳо ҳамзамон сарҳади ҷанубии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дониста мешаванд ва раҳбарони кишварҳои узви ин паймон ҳамвора аз таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистон, нигаронӣ кардаанд. Дар нишасти ахири Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, ”моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамамарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон пайваста бо ҳам дар марвиди вазъи минтақаҳои марзӣ табодули иттилоъ доранд ва дар ин замина ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд.”

XS
SM
MD
LG