Чжан Тсюин, соҳибкори чинӣ ва мудири ширкати "Чин Зар", мегӯяд, коршарики тоҷикистонияш, "Нахш", аз додани 400 ҳазор доллар сарпечӣ мекунад. Мудири иҷроияи "Нахш" дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз пардохтани нисфи пули тавофуқшуда ширкат бо мушкили молӣ рӯ ба рӯ гашт ва ба зудӣ қарзи мондаро хоҳад пӯшонд.
Соҳибкори чинӣ дар соли 2016 ба василаи як тарҷумон барои истихроҷи тило аз кони Шугнов ба ширкати "Нахш" сармоягузорӣ кардааст. Ширкати ӯ ба номи "Чин Зар" низ ҳамон сол дар идораҳои давлатии Тоҷикистон номнавис шуда. Гуфта мешавад, молики ширкати "Нахш" аз наздикони хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хоҳарзодаи ҳамсари президент "бо ҷарима озод шуд", баъзе ҳамроҳонаш "аз 3 то 5 сол ҳукм гирифтанд"Соҳиби ширкати чинӣ мегӯяд, пас аз тавофуқ бо Кумитаи тиҷорати Пекин ба унвони сармоягузори хусусӣ бо "Нахш" ҳамкориро оғоз кард, вале бо сармоягузории 3 миллион доллар ҳамкории дуҷониба бо мушкил рӯбарӯ гашт.
"Баъд аз оғози баҳс ва талоши чандсола бо Амриддин Нахшов, мудири ширкати “Нахш”, ба мувофиқа расидем, ки аз ҷамъи сармояи харҷшуда ба ман 800 ҳазор доллар медиҳаду дигар барои маблағе даъво намекунам. Бо вориди қазия шудани сафорати Чин дар Тоҷикистон ба василаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамагӣ 400 ҳазор доллар баргардониду бас," -- мегӯяд Чжан Тсюин.
"Аз бонкҳо қарздорам, ба Чин баргашта наметавонам"
Дар як номаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ёддошти дипломатии сафорати Чин дар Душанбе аз 9-уми январи соли 2024 зикр шудааст, ки ширкати “Нахш” ва “Чин Зар” ба созиш расиданд, ки боқии пулро то 30-юми январи соли 2024 бармегардонанд.
Бону Чжан мегӯяд, бо гузашти зиёда аз чор моҳ аз ваъдаи охирин дигар Амриддин Нахшовро пайдо карда наметавонад: "Мудири иҷроияи “Нахш” ваъда медиҳад, ки боқии маблағро бармегардонад. Аммо кай? Номаълум. Ман панҷ сол боз мунтазирам, аз бонкҳои Чин қарздорам, баргашта наметавонам.”
Намояндаи ширкати “Нахш” дар суҳбати телефонӣ вуҷуди ин баҳсро тасдиқ кард ва гуфт, аз пардохти маблағ сарпечӣ накардааст. Ҳамсуҳбати мо аз овардани ҷузъиёт худдорӣ кард. Радиои Озодӣ барои рӯшан кардани мавқеи ширкати “Нахш” ба он номаи расмӣ фиристод ва ҳанӯз посух дарёфт накардааст.
Баҳси ду ширкат мақомоти ду кишварро низ ба худ кашид. Сафорати Чин хоҳони ҳалли он шуд ва як ширкати ҳуқуқии Чин низ вориди баҳс шуда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст баҳс то 15-уми июн ҳал шавад. Дар сурати ғайр қазияро мақомоти додгоҳии Чин пайгирӣ мекунанд. Ҷонибҳои баҳс таъйид карданд, ки рӯзҳои наздик бо ҳам дидор ва мавзуъро баррасӣ мекунанд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ношаффофии сармоягузорӣ ва тақсими даромад
Ин баҳс дар ҳоле сар задааст, ки ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Чин дар чанд кони тило ва маъданҳо шарики тарафи Тоҷикистонанд. Ба онҳо имтиёзҳои зиёд дода шудааст. Ин баҳс, мегӯяд як коршиноси тоҷик, метавонад ба фазои сармоягузорӣ ва имиҷи давлат таъсир расонад.
“Чунин воқеаҳо ба фазои сармоягузорӣ ниҳоят хатарзо аст. Сарнавишти ин сармоягузор метавонад барои сармоягузорони дигар намуна шавад, ки пеш аз он ки дар иқтисоди мо як танга диҳанд, даҳҳо бор фикр кунанд,” -- мегӯяд Фозилҷон Фаттулоев.
Дар гузашта низ чунин баҳсҳо бо сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла чиниҳо ба миён омада буд. Яке аз сабабҳои асосӣ ношаффоф будани ҳамаи раванди сармоягузорӣ ва тақсими даромад аст.
Дар Тоҷикистон гузоришҳои ҳармоҳа ё солонаи фаъолияти ин ширкатҳо ва харҷу дахли онҳо ба нашр намерасад. Ин ҳол, эҳтимоли вуҷуди фасодро дар ҳамкории ширкатҳои ду кишвар ба миён меорад.