"Кӯдаконро аз тарс дар хона мемонем." Баҳси сокинон бо "Вориси аср"

Дар акс: Муслима Ҷобирова, Малика Сафарова, Умедҷон Ҳотамов ва Вайсиддин Давлатзода

Сохтмони баландошёна дар як маҳаллаи шаҳри Ваҳдат боис ба нигаронии сокинон шудааст. Ба қавли норозиён, атрофи ин бинои навсохт пурра баста нашудааст ва мумкин аст, ҳангоми бинокорӣ кӯдакон осеб бинанд. Масъулони ширкат мегӯянд, ҳама кор бар асоси қонун аст.

Баҳонаи баҳс чист?

“Чӣ тавре мебинед, сохтмон дар болои сари кӯдакон идома дорад. Онҳоро дар хона маҳкам мекунем. Сокинон метарсанд, ки аз боло чизе афтаду ба сари кӯдакон занад. Бисёр метарсем,” – шиква кард Муслима Ҷобирова, сокини шаҳри Ваҳдат, рӯзи 15-уми октябр.

Марги се кӯдак дар пайи чаппа шудани девори атрофи чоҳбун (котлован) дар Душанбе сокинонро бештар дар ташвиш гузоштааст. Ин ҳодиса дар моҳи сентябри имсол рух дод.

Сокинони кӯчаи ба номи Абдулло Зикиров дар шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бар иловаи хатарзо будани ҷойи бозӣ ва гаштугузори кӯдакон, баландошёнаи дигаре дар назди лӯлаҳои обу корез сохта шуда, барояшон дарди сари иловагӣ овардааст.

“Ҳар дафъа роҳи об баста мешавад. Барои кушодани қубур пул ҷамъ мекунем. Баъд аз бунёди ҳамин бино мушкил пеш омад. Вақте қубур маҳкам мешавад, ҳама ҷо пури об мешавад, таҳхонаҳо вайрон мешаванд,” – гуфт Малика Сафарова, сокини дигари шаҳри Ваҳдат.

Намояндагони ширкати бинокорӣ чизи дигар мегӯянд. Умедҷон Ҳотамов, масъули ширкати “Вориси аср”, ба Радиои Озодӣ гуфт, “қубури бинои сокинон аз солҳои Шӯравӣ монда, фарсуда шудаанд ва ғайр аз ин худи сокинон ба об ҳар чиз мепартоянд, барои ҳамин роҳи об баста мешавад”.

“Ин аз мо вобаста нест. Ба Хадамоти манзилу коммуналӣ муроҷиат кунанд, агар камбуд аз тарафи мо бошад, ислоҳ мекунем,” – афзуд ӯ. Сокинон иддаои ӯро беасос хонда, мегӯянд, барои чораҷӯйӣ ба ҳукумати шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа.

Бинои ҷанҷолиро дар ҳамин ҷо месозанд

Сокинон ба ваъдаи мақомот бовар надоранд. Чаро?

Масъулони ҳукумат аввал маҳалли сохтмонро дида, сипас мавзуъро ба Радиои Озодӣ шарҳ доданд. Ба қавли Вайсиддин Давлатзода, сармеъмори шаҳри Ваҳдат, бунёди бино бар асоси нақшаи куллӣ ҷараён дорад.

“Атрофи бино бо “тунука” маҳкам буд. Барои бо хок пӯшондани гирди таҳкурсии бино муваққатан онҳоро гирифтаанд. Боз атрофро бо “тунука” мепӯшонанд,” – шарҳ дод Давлатзода.

Масъулони ҳукумати шаҳри Ваҳдат гуфтанд, раҳбарияти ширкатро вазифадор кардаанд, ки барои таъмини бехатарӣ атрофи бинои навсохтро банданд ва ҷойи бозии кӯдаконро дигар кунанд. Сокинон ба анҷоми чунин кор хушбин нестанд, чун ба гуфтаи онҳо “масъулон дар гузашта низ ин маконро дида буданд, вале мушкил ҳалношуда монд”.

Дар гузашта чанд мавриди поймолшавии меъёрҳои бехатарӣ дар сохтмонҳо дар Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Наздикони баъзе аз ҷабрдидаҳо аз он шикоят мекунанд, ки на ҳамаи ҳодисаҳо пурра таҳқиқ мешаванду гунаҳкорон ҷазо мегиранд.

Тибқи иттилои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар нимаи аввали имсол дар сохтмони биноҳо дар Тоҷикистон беш аз 4700 камбуд ошкор шуда, гунаҳкоронро дар умум 800 ҳазор сомонӣ (тақрибан 80 ҳазор доллар) ҷарима бастаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони як кӯчаи Ваҳдат мегӯянд, мумкин аст, фалокат шавад