Аз ду миллион сомонӣ маблағи шикори Марко Поло танҳо 50 дарсади он ба суратҳисоби махсус ворид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, ин маблағ бояд пурра ба суратҳисоби махсус дар ноҳияи Мурғоб ворид гашта, аз ин ҷо ба буҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ тақсим мешуд.
Ба гуфтаи масъулини мақомоти Мурғоб, таъхир дар вуруди маблағи шикор иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ ва экологиро ба мушкил рӯбарӯ сохтааст.
Аммо Алихон Латифӣ, муовини раиси асотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон мегӯяд, тамоми маблағҳое, ки аз ҳисоби иҷозаи шикори гусфанди Макро Поло бад даст омадааст, мақсаднок сарф гаштаанд.
Ба гуфтаи ӯ, 255 ҳазор сомонӣ ба буҷаи Боғи миллӣ дар Бадахшон, 1 миллион сомонӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва 1 миллион сомонӣ ба буҷаи ноҳияи Мурғоб гузаронида шудааст.
Латифӣ мегӯяд, дар аввал тасмим буд, ки тамоми маблағи аз ҳисоби муҷавизи шикори ин гусфанд ба даст омада ба сохтмони Роғун гузаронида шавад, вале баъдан бо супориши президент 50 фисади маблағ ба Роғун гузаронида шуда ва 50 фисади дигар барои масраф дар вилояти Бадахшон боқӣ монд.
Латифӣ афзуд: “Ҳамаи пули ба даст омада ҳисобу китоб дорад ва ягон тин беҳуда харҷ нашудааст.”
Ба гуфтаи ин манбаъ, бар асоси ҳисобҳои охирин дар вилояти Бадахшон беш аз 20 ҳазор гусфанди Марко Поло ба сар мебарад.
МАРКО ПОЛО - 51 ҲАЗОР СОМОНӢ
Шикорчиён ба дунболи лағви пеш аз мӯҳлати мораторий, барои шикори гӯсфанди нодири Марко Поло аз моҳи сентябр то кунун 45 муҷаввиз дарёфт кардаанд. Барои шикори ҳар сар гӯсфанди нодири Марко Поло шикорчиён 51 ҳазор сомонӣ пешпардохт мекунанд.
Маблағи аз фурӯши муҷаввиз дарёфтшударо Созмони шикорчиёни ҷумҳурӣ танзим мекунад, аммо бо сабабҳои номаълум ин созмон дар интиқоли маблағ ба суратҳисоби махсус таъхир меварзад.
Дар ҳоле ки ин таъхир боис ба нигаронӣ ва бурузи сарусадоҳо дар мавриди наҳваи истифодаи пули шикори Марко Поло шудааст.
Ҳоло созмони шикорчиён аз панҷ ширкати шикорӣ, ки дар минтақаи Мурғоб фаъолият мекунанд, ду ширкатро муваққатан аз ҳаққи додани муҷаввиз маҳрум сохтааст.
ПЕШНИҲОДИ ҚАТЪИ ШИКОР
Дар ҳамин ҳол, мудирияти Парк ё Боғи миллӣ дар Бадахшон хостори қатъи шикори гӯсфанди нодири Марко Поло дар фасли зимистону баҳор шуд. Ба гуфтаи мутахассиси пешбари мудирияти Боғи миллӣ Фаромуз Фаромузов, шикор бояд аз аввали сентябр шурӯъ гардида, 31-уми декабр қатъ гардад.
Зеро ба гуфтаи ӯ, аз авохири моҳи декабр мавсими бордоршавии ҷуфтсумҳо оғоз меёбад ва ҳар гуна шикори ин навъи ҳайвоноти нодир то фасли баҳор сифатан ба коҳиши саршумор таъсир мегузорад.
Аммо ба иддаои муовини сардори идораи ҳифзи табиати вилояти Бадахшон Фарҳод Мамадназарбеков, тибқи квота дар мавсими шикории тирамоҳу зимистон фақат барои шикор гардидани 80 сар Марко Поло муҷаввиз дода мешавад ва истифодаи онҳо дар мавсимҳои дилхоҳи шикорӣ ба саршумор таъсире нахоҳад гузошт.
Вай афзуд, одатан шикорчиён гӯсфанди наринаи аз 8 то 12-соларо, ки шохҳои калони зебо дорад, шикор мекунанд, ки бештари ин гуна ҳайвонот пиру мариз ҳастанд.
ҶИЛАВГИРӢ АЗ ШИКОРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Ҳарчанд мутахассисони мудирияти Боғи миллӣ исрор меварзанд, ки то ба ҳол шикор дар ҷумҳурӣ аз рӯи низомномаи махсус ба амал бароварда мешавад, вале барои танзими самаранок ва аз лиҳози илмӣ асоснокшудаи шикори ҳайвоноти нодир зарурати қабули қонун дар бораи шикор, ки ҳамсоякишварҳо чунин қонунро ба тасвиб расондаанд, ба миён омадааст.
Ҳудуди Боғи миллӣ зиёда аз 2 миллион ҳекторро ташкил дода, 80 дарсади қаламрави ин боғ ба ноҳияи Мурғоб рост меояд.
Ба гуфтаи масъулини Боғи миллӣ, дар соли гузашта онҳо аз кӯшиши ғайриқонунии ворид шудани намояндагони ширкати шикорӣ ва бо ҳамроҳии як шаҳрванди хориҷӣ ба мақсади шикор ба мамнӯъгоҳи "Зоркул" ҷилагирӣ намудаанд.
Ҳамчунин, онҳо ду шаҳрванди дигари вилояти Оши ҷумҳурии Қирғизистонро, ки мехостанд ба мақсади шикори ғайриқонунӣ ба ҳудуди ноҳияи Мурғоб ворид шаванд, аз марз баргардондаанд.