Ба яке аз фаъолони мухолифони Беларус дар зиндон чӣ шудааст?

Мария Колесникова. Акс аз соли 2020

Хешовандони Мария Колесникова, яке аз чеҳраҳои калидии мухолифон ва рамзи эътироз ба зидди ҳукумати худкомаи Беларус, аз сарнавишти ӯ нигаронанд.

Колесникова ҳаждаҳ моҳ боз дар зиндон аст. Дар бораи бад шудани вазъи саломати ӯ гузоришҳо мерасанд.

Ин фаъоли мухолифон дар пайи интихоботи баҳсбарангези президентӣ дар соли 2020 раҳбари тазоҳурот дар Беларус шуд. Норозиён истеъфои раҳбари худкома Александр Лукашенкоро талаб доштанд.

Ӯро дар моҳи сентябри соли 2021 ба 11 сол зиндон маҳкум карданд.

Манобеъ дар аввали соли ҷорӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Колесникова беш аз як сол боз дар утоқи якнафарӣ нигаҳ дошта мешавад. Дар ҳоле ки тибқи қонунҳои Беларус ин муҳлат набояд аз шаш моҳ бештар бошад.

Падараш дуо мекунад, ки ӯ зинда бошад. Александр Колесников рӯзи 14-уми октябр ба хабаргузории AP гуфтааст, "мақомот дархостҳои маро барои мулоқот нодида мегиранд. Номаҳоямро нодида мегиранд. Ин эҳсоси бади нотавонӣ барои як падар аст."