Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) ва ҳукуматҳои се кишвари Осиёи Марказӣ созиш кардаанд, ки охири ҳар моҳ шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро дар Қазоқистон тавассути "долони сабз" ба ватан мефиристанд.
Ба иттилои масъулони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Алмаато, ҳоло гурӯҳи беш аз 100-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Жибек Жоли (сарҳади Қазоқистону Узбекистон) ҷамъ омада, мунтазири сафар ба Тоҷикистон ҳастанд.
"ҲАВО ХЕЛЕ САРД АСТ"
Як масъули IOM шоми 30-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои роҳ надодан ба ҷамъшавии бебандубор ва интизориҳои тӯлонии мардум дар марз, мувофиқа шудааст, ки охири ҳар моҳ гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонда шаванд. Ӯ гуфт, муҳоҷирон бо ёрии сафорат ва ҷамъиятҳои миллии худ огоҳ карда мешаванд, ки дар кадом ва соат ба марз бираванд. «Баъд аз ҳуҷҷатгузорӣ шудани онҳо, бо мусофирбарҳо ба Тоҷикистон интиқол меёбанд», -- афзуд ӯ.
Як намояндаи гурӯҳе, ки муҳоҷиронро ба Тоҷикистон мефиристад, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳаво 3 дараҷа ва хеле сард аст. Аз он нигаронам, ки мардум дар он макон чӣ ҳол доранд.”
Дар гузаргоҳи марзӣ меҳмонхона ё шароити дигар барои зиндагӣ вах об вуҷуд надорад ва танҳо бо ёрии ихтиёриён муҳоҷирон бояд соатҳои сахти интизориро пуштисар кунанд.
"ПАНДЕМИЯ БИСЁРИҲОРО АЗ КОРУ ДАРОМАД МАҲРУМ КАРД"
Шакарбек Норматов раҳбарии созмони “Ҷамъияти тоҷикон”-ро дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон ба уҳда дорад, вале кори созмон ба дигар шаҳру манотиқи Қазоқистон ҳам паҳн шудааст. Шаби 29 ба 30-юми октябр микроавтобусе, ки ин ҷамъият ташкил кард, 12 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Қарағанда ба гузаргоҳи марзии Жибек Жоли фиристод.
Тавассути интернет ва Фейсбук созмон барои ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Уралск, Қустанай, Алмаато ва дигар шаҳрҳо ёрӣ кардаанд. Норматов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар марз беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ҷамъ шудаанд, ки аз манотиқи мухталифи Қазоқистон рафтаанд.
“Дар Қарағанда бисёре аз тоҷикон аз роҳи савдову сохтмон пул ба даст меоранд, вале кор, ки нест, бепулу даромад монданд ва хостанд ба ватан баргарданд”, -- афзуд ӯ.
Дар вилояти Қарағанда, дар давраи пеш аз пандемия, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳудудан 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд, вале ҳоло ин омор хеле кам шудааст.
ФУРСАТ ТО 1 НОЯБР?
Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ дар Қазоқистон гуфт, бо густариши пандемия, ҳукумати Қазоқистон як сабукӣ ҷорӣ кард ва ба муҳоҷирони корӣ ҳақ дод, ки мӯҳлати будубошашон бидуни қайд то 1-уми ноябр дароз карда шавад.
“Баъди ин дигар мӯҳлатро тамдид накард ва бисёр шаҳрваронди Тоҷикистон, ки ҳоло маҷбуранд ба хонаҳояшон баргарданд инчунин аз он тарс доранд, ки дар ҳолати беҳуқуқӣ намонанд. Яъне, онҳо агар боздошт шаванд, гӯё қонунро вайрон кардаанд”, -- шарҳ дод мусоҳиби мо.
Узбекистону Қазоқистон моҳи марти имсол бо шурӯи пандемияи коронавирус марзҳоро бастанд ва аз он замон то кунун ҳаракати мошину қатор ва парвози ҳавопаймоҳо ба таври муназзам сурат намегирад. Охири моҳи май садҳо нафаре, ки дар Русияву Қазоқистон бекору даромад монда буданд, дар гузаргоҳи Жибек Жоли ҷамъ омаданд. Баъди чандин ҳафта музокираву машваратҳо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ба ташкили автобусҳову интиқоли шаҳрвандон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Узбекистон ризоият доданд.
Баъди ин, мавҷи азими муҳоҷирони бекормонда бо нияти бозгашт ба ватан ба ин нуқтаи марзӣ шитофтанд ва ҳолат бӯҳронӣ шуд.
Моҳи сентябр Тлеубек Тахтанов, муовини раиси Кумитаи сиёсати муҳоҷирати ВКД-и Қазоқистон дар як конфронсе бахшида ба мушкили муҳоҷирон дар замони пандемия гуфт, дар панҷ моҳ барои ба кишварҳои худ баргаштани беш аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мусоидат кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистону Узбекистон баргаштанд. ВИДЕО, АКС635 шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистон дар Қазоқистон ба ватан расиданд. ВИДЕОҚазоқистон беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст. САДОДаҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дубора дар сарҳади Қазоқистон ҷамъ шудаанд. САДО, ВИДЕО"Дар рӯйи бетон хобанд." Ду моҳ интизории муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон. ВИДЕО, САДО