Садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба далели баста будани марзҳо дар Қазоқистону Узбекистон дармонда буданд, ба кишвар овардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи расмӣ гуфт, рӯзи 3-юми июл аз Қазоқистон 776 нафар баргаштанд. Аз Узбекистон дар ду рӯзи охир тақрибан 140 нафар тавассути гузаргоҳҳои "Дустӣ" ва "Фотеҳобод" вориди кишвар шудаанд. Шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро дар Қазоқистон Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва бо ёрии Норвегия овард.
"Жибек Жоли", маҳалли таҷаммӯи муҳоҷирони тоҷик
Гузаргоҳи "Жибек Жоли" дар ноҳияи Сариоғош, дар наздикии марзи Қазоқистону Узбекистон, моҳҳои ахир ҷойи ҷамъ омадани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст. Онҳо мехоҳанд, ба ватан баргарданд. Бо сабаби густариши бемории COVID-19 кишварҳои Осиёи Марказӣ сарҳадҳои худро бастаанд.
Пештар шаҳрвандони бандмонда аз он ки, ба гуфтаи онҳо, ҷараёни интиқолашон ба Тоҷикистон ба сустӣ пеш меравад, хашмгин буданд ва аз вазъи ногувор шикоят доштанд.
Рӯзи 3-юми июл дар гузаргоҳи "Жибек Жоли" дар ноҳияи Сариоғоши вилояти Туркистон тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон дар як истгоҳи мусофирбарҳо ҷамъ омада буданд. Бархе аз муҳоҷирон ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, чанд рӯз инҷониб мунтазири иҷозаи расмии мақомот барои гузаштан аз сарҳад ҳастанд.
"Рӯзона ҳаво бисёр гарм аст, шабона сард. Ҷой намерасад. Дар рӯйи замин коғаз партофта мехобем. Пул надорем, ки хӯрок бихарем", -- гуфт яке аз муҳоҷирон.
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар изҳороте рӯзи 3-юми июл гуфт, "кӯдакон ва модаронашон дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифтор шудан ба COVID-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд."
Наворро дар ин ҷо бинед:
Муҳоҷирон мегӯянд, барои кор ба Қазоқистон рафта буданд ва баъди он ки дар давраи карантин бекору бе даромад монданд, ба ватан баргаштан мехоҳанд.
Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҷойи таҷаммӯи муҳоҷирон қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешавад. Ба тасвири ӯ, бархе аз муҳоҷирон дар рӯйи замин нишаста нону тарбуз мехӯранд ва гуруҳи дигар аз зери таъсири офтоб гурехта, дар сояҳо панаҳ мебаранд.
Даҳҳо маъмури пулис дар истгоҳи мусофирбарҳо дар ноҳияи Сариоғош муҳоҷиронро назорат мекунанд. Дар як гӯшаи истгоҳ, ба қавли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, барои шаҳрвандони Тоҷикистон хаймаҳои бузург гузоштаанд, вале мегӯяд, намояндаи сафорати Тоҷикистон аз шарҳи масъала худдорӣ намудааст. Бахтиёр Камолов, корманди сафорати Узбекистон, гуфтааст, ки тақрибан 1500 шаҳрванди онҳо дар интизори боз шудани "долони сабз" ҳастанд.
Як намояндаи идораи марзбонии Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷиронро танҳо баъди ба даст омадани иҷозаи кишварҳои ҳамсоя роҳ медиҳанд. "Қазоқистон намехоҳад муҳоҷиронро дар ин ҷо нигоҳ дорад. Баъзан 500 нафар аз сарҳад мегузаранд, баъзан сесад кас. Ин субҳ сесад нафар аз сарҳад гузашта рафтанд", -- нақл кард ӯ.
Аксҳои бештар дар ин ҷост:
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират рӯзи 19-уми июн бо ёрии Амрикову Норвегия 635 шаҳрванди Тоҷикистонро дар чаҳордаҳ мусофирбар ба ватан баргардонд. Ин кор бо ризояти ҳукумати Тоҷикистону Қазоқистон ва Узбекистон сурат гирифт.
Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, беш аз 25 дарсади афроди баргашта ба Тоҷикистон аз 15 то 24-сола буданд. Тақрибан понздаҳ дарсадро занҳо ташкил медоданд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти имсол вуҷуди коронавируси навро эътироф карда, барои пешгирӣ аз густариши он марзҳояшонро бастанд. Ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик, ки тавассути мусофирбарҳо аз Русияву Қазоқистон ва Узбекистон ба ватан меомаданд, дар ҷойҳои иқомати худ монданд. Муҳоҷирон мегӯянд, ба сабаби бекорӣ ва надоштани даромад дигар дар Русияву Қазоқистон истода наметавонанд ва барои ҳамин мехоҳанд ҳарчи зуд ба ватан баргарданд.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русияву Қазоқистон мераванд.
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират рӯзи 3-юми июл дар изҳороте гуфт, аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши COVID-19 истиқбол мекунад, вале ҳамзамон ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд. "Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ва ЮНИСЕФ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол ва ватани муҳоҷирон даъват мекунад, то роҳҳои бозгардондани муҳоҷирони дармонда, аз ҷумла кӯдаконро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд", - таъкид шудааст дар изҳорот.
Бо вуҷуди он ки 776 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон баргардондаанд, маълум нест, истгоҳи мусофирбар дар наздикии гузаргоҳи "Жибек Жоли" холӣ хоҳад шуд, ё дигарбора аз муҳоҷирони хостори бозгашт ба кишвар пур хоҳад шуд.