"Ба ҷойи артиш ба муҳоҷират рафтааст." Парванда ба зидди як ҷавон дар Суғд

Акс аз бойгонӣ

Як сокини 22-солаи ноҳияи Зафаробод ба саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ гумонбар мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ин ҷавон ба ҷойи рафтан ба артиш, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст.  

Назари худи ҷавон ё наздиконаш ба ин ҳарфҳои мақомот маълум нест. ВКД низ дар бораи ӯ маълумоти бештар надодааст.

Ба иттилои расмӣ, нисбати ин ҷавон бо иттиҳоми “саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ” парванда кушодаанд. Моддаи 343-и Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва асосан ба Русия рафтани ҷавонон ва фишор ба хонаводаҳои онҳо барои бозгардонии фарзандонашон, пештар ҳам расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, аввали моҳи ноябри имсол волидайни як ҷавон дар шаҳри Хуҷанд гуфтанд, кормандони Комиссариат ба онҳо фишор меоранд, ки фарзандашонро, ки дар Русия таҳсил мекунад, баргардонанд ва ба артиш фиристанд. Намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ин кори худро қонунӣ гуфтанд.

Ба назари ҳуқуқшинос, Дилрабо Самадова набуди шароит дар қисмҳои низомӣ, озори сарбозон ва шароити иҷтимоии оилаҳо, сабаби саркашии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ мешаванд. Вай пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин масъала сабукиҳо дода шавад.

Фармони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми август имзо шуд. Тибқи ин фармон, аз моҳи октябр то ноябри имсол ҷавонони то 27-сола ба артиш даъват мешаванд.