Изҳороти Human Rights Watch, Freedom for Eurasia, Norwegian Helsinki Committee ва Abschiebungsreporting NRW рӯзи 20-уми ноябр нашр шуд.
Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон мезист. Бо вуҷуди нигаронӣ ва даъвати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Олмон дархости паноҳандагияшро рад ва ӯро рӯзи 6-уми ноябр аз ин кишвари аврупоӣ берун карданд.
Чор созмони байнулмилалӣ дар изҳороти худ гуфтаанд, ки Дилмурод Эргашев дар Душанбе ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд, аммо ба далели вазъи саломаташ феълан дар шифохона аст. Вай як рӯз пеш аз ихроҷаш аз Олмон раги даст ва пойи худро бурида буд.
Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, мегӯяд, Дилмурод Эргашев дар гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон ширкат дошт ва “боздошти ӯ дар Душанбе гувоҳи ин аст”.
“Ҳабси Эргашев бояд ҳушдоре ба мақомоти Олмон бошад... то фиристодани фаъолони осоиштаи мухолифонро ба зиндон дар Душанбе билофосила бас кунад,” – афзуд ӯ.
Намояндагони чор созмонӣ байнулмилалӣ аз мақомоти Олмон хостаанд, шеваи ихроҷи Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон таҳқиқ кунанд. Кишваре, ки хатари шиканҷа шудан ба ӯ таҳдид мекард.
Дилмурод Эргашеви 40-сола рӯзи 28-уми октябр дар Олмон дастгир шуд. Ӯ сездаҳ соли охир дар ин кишвари аврупоӣ зиста, ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.
Дар ҳоле ки худаш, намояндагони мухолифон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ширкати ӯро дар тазоҳуроти зидди ҳукумати Тоҷикистон дар Берлин далел меоварданд, мақомоти Олмон онро кӯшиши барҷаста кардани парвандааш донистаанд.
Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.