Фотима Абдулҳаева аз деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳар рӯз ба саҳро бо "мотороллер" меравад. Ин навъи нақлиёт ба дастёри ӯ ва занони дигар табдил шуда.
"Ронданаш осон аст. Шавҳарам ба ман омӯзонд. Мо замини кишоварзӣ дорем ва ҳар рӯз барои овардани обу хӯрок аз ҳамин техника истифода мекунам. Корро бисёр осон кардааст," -- нақл кард ӯ.
Ин "мотороллер"-ҳоро Чин истеҳсол карда, ба Тоҷикистон фурӯхтааст. Онро пештар танҳо дар бозор, дар шаҳрҳои калон ва барои кашондани молу маҳсулот истифода мекарданд. Ҳоло ба деҳаҳо ҳам рафтааст.
Ба гуфтаи соҳибони чунин нақлиёти сабук, сабаби асосии зиёд шуданаш дар минтақа "арзон ва камхарҷ" буданаш аст. Нархи он вобаста ба вазъаш аз 5 ҳазор сомонӣ оғоз ёфта, ба даҳҳо ҳазор сомонӣ мерасад.
Абдураҳим Абдулҳаев аз деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт: "Дар ҷойи мо се-чор сол пеш пайдо шуд. Теъдодаш кам буд. Бисёре аз мардҳо барои кор ба Русия рафтаанд. Занону кӯдакон бояд ба саҳро ва ё чарондани гов раванд. Чор-панҷ зан ба он мешинанду корашонро бурд карда меоянд."
"Ҳангоми кор дар пахтазор бурдану овардани занон бо мошин душвор ва гарон меуфтад. Ҳам вақт зиёд сарф мешавад, ҳам пул. Барои гаштани мошин бензину солярка даркор. Инҳо бо "мотороллер" ҷамъ шуда мераванд, бехарҷ мешавад," – илова кард ин ҳамсуҳбати мо.
Сокинон ин навъ нақлиётро танҳо ба корҳои саҳроӣ истифода мебаранд, аммо бояд соҳиби иҷозатномаи ронандагӣ бошанд ва онро ҳар сол аз муоина гузаронанд.
Ронандагон мегӯянд, бояд дар ин самт сабукӣ дода шавад, то ба зиндагияшон таъсир нагузорад. Мақомот ва нозирони роҳ борҳо ба мардум ҳушдор додаанд, ки ҳангоми истифодаи чунин мотореллерҳо эҳтиёт кунанд, то сабаб садама нагарданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон, ки солҳои охир барои вобастагии шадид аз Пекин танқид мешунавад, аксар молу маҳсулотро аз Чин меорад. Рӯйхаташон аз се ҳазор номгӯй бештар аст. "Мотороллер" яке аз онҳост.
Дар гузашта мусофирбари хурди "Тангем" дар саросари Тоҷикистон мавриди истифода карор гирифта буд. Ҳоло Чин яке аз дастраскунандаҳои асосии мошини барқӣ ба Тоҷикистон аст. Душанбе ба Чин асосан тилою маъдани дорои консентрати металҳои гаронбаҳо содирот мекунад.