Анҷумани ҳуқуқи башари Узбекистон ва Human Rights Watch аз ҳукумати Узбекистон хостаанд, ки блогер ва фаъоли иҷтимоӣ Валиҷон Калоновро аз боздошт раҳо карда, ба ӯ ҷуброн бипардозад. Изҳороти созмонҳо рӯзи 30-юми март нашр шуд.
Мақомоти Узбекистон Калонови 55-соларо ба "таҳқири президент" ва "ҷиноятҳои дигаре, ки ба ҷомеа хатар дорад" гунаҳкор дониста, дар моҳи декабри соли 2021 маҷбурӣ дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ карданд.
Валиҷон Калонов пеш аз боздошт шуданаш ҳукумати Узбекистонро танқид ва ба бойкот ё таҳрими интихобот дар ин кишвар даъват карда буд.
Вай ҳамчунин ба зидди табъизи уйғурҳо дар Чин сухан мегуфт.
Гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона рӯзи 28-уми феврали имсол гуфт, Калонов "худсарона дастгир шудааст" ва аз ҳукумат хост, "ӯро зуд озода карда, барояш ҷуброн пардозад".
Дар солҳои охир даҳҳо блогеру фаъоли иҷтимоӣ дар Узбекистон дастгир ва бо иттиҳомҳои гуногун ҷарима ва ё зиндонӣ карда шудаанд.