Аз ҳабси хабарнигори Радиои Озодӣ дар Беларус се сол гузашт

Андрей Кузнечук рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дастгир шуд

Рӯзи 25-уми ноябр ба боздошт ва зиндонӣ шудани Андрей Кузнечук, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Беларус, се сол пур шуд.

Худаш, Радиои Озодӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукми ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Кузнечук, падари ду фарзанд, рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дастгир ва дар аввал бо иттиҳоми авбошӣ (ҳеч гоҳ напазируфтааст) ба даҳ рӯз ҳабс маҳкум шуд.

Сипас вайро ба ташкили гурӯҳи ифротӣ айбдор ва моҳи июни соли 2022 ба шаш сол зиндон маҳкум карданд. Мурофиаи додгоҳӣ ҳамагӣ як рӯз давом кард.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Беларус хабарнигори Радиои Озодӣ Андрей Кузнечукро зиндонии сиёсӣ эътироф кардаанд.