"Аз 5 сол то ҳабси абад". Ҳукми 9 муттаҳами ҳамла ба раиси ҲХДТ дар Кӯлоб

Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар Кӯлоб.

Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар Кӯлоб.

Афроде, ки дар тарконидани мошини раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гумонзад буданд, аз панҷ сол то ҳабси абад, ҳукм гирифтаанд. Ҳамла ба мошини раиси ҳизби ҳоким дар Кӯлоб, моҳи январи соли гузашта рух дода буд.

Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарӣ ниҳодаш эълон кард, ки Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров ва Холисамо Раҳимова дар пайванд ба ин ҳодиса дар курсии айбдорӣ нишаста буданд.

Ба иттилои додситонӣ, ягона зан дар ин парванда Холисамо Раҳимова, панҷ сол ҳукм гирифтааст, аммо бинобар кӯдаки хурдсол доштан, дар озодӣ қарор дорад.

Маълум нест, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод кай эълон шудааст. Назари наздикони маҳкумшудаҳо низ ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.

Ин парванда аз сӯи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ ва ба Додгоҳи Хатлон фиристода шуда буд. Манобеъ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки "парванда бар асоси банди "терроризм" ва "даъват барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ", баррасӣ мешавад.

Мошини хидматии Салим Сайвализода рӯзи 5-уми январи 2024 дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид ва худаш маҷрӯҳ шуд. Манобеи расмӣ дар аввал ҳодисаро "қасди куштор" гуфтанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода чанд рӯз баъд аз ҳодиса, таркишро "амали террористӣ" хонд ва гуфт, ин кор аз сӯи "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир шуд".

Вазири корҳои дохилӣ он замон ҳамчунин гуфта буд, дар робита ба ин ҳодиса "шумораи зиёде дастгир шудаанд". Аммо Рамазон Раҳимзода ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот, шумори боздоштшудагонро ошкор накард. Ӯ танҳо илова кард, ки муфаттишони ВКД ва КДАМ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки додгоҳ нӯҳ касро барои таркондани мошини як раҳбари маҳаллиаш ба ҳабс маҳкум кард, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст. Раҳбараш президент Эмомалӣ Раҳмон аст ва аксари мансабдорони тоҷик узви ҳамин ҳизб буда, бештари курсиҳои порлумонро ҳам намояндагонаш дар ихтиёр доранд.