Axios: Илон Маск ба Украина ваъдаи кумак додааст

Илон Маск дар яке аз маъракаҳои таблиғотии Трамп

Илон Маск, бунёдгузори ширкати Tesla дар вақти суҳбати Доналд Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский ҳузур доштааст. Пойгоҳи Axios аз қавли манобеаш дар ин бора хабар дода навиштааст, суҳбати Трамп ва Зеленский 25 дақиқ давом кард.

Ба қавли манбаъ, Зеленский ғалаба дар интихоботро ба Трамп табрик гуфтааст. Раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико ба ҳамтои украиниаш гуфтааст, дастгирии Киевро идома медиҳад.

Манобеи Axios гуфтаанд, Илон Маск ба Зеленский ваъдаи додааст, ки аз тариқи моҳвораҳои Starlink Украинаро дастгирӣ мекунад. Ин расона натавонист шарҳи миллиардерро дастрас кунад. Аммо Axios навиштааст, ҳузури Илон Маск дар ин суҳбат нишон медиад, ки ӯ дар ҳукумати дуввуми Доналд Трамп шахсияти таъсиргузоре хоҳад буд.

Баъди ғалабаи Трамп дар интихоботи рӯзи 5-уми ноябр, сармояи Илон Маск 26,5 миллиард доллар зиёд шуд. Арзиши саҳмияҳои ширкати Tesla дар биржаи Ню-Йорк баъди як рӯзи интихобот 15 дарсад боло рафтанд.

Маск дар маъракаи пешазинтихоботии Трамп ҳузури фаъол дошт ва барои ҷумҳурихоҳон зиёда аз 130 миллион доллар масраф кард. Дар навбати худ, Трамп ба Маск ваъда дода буд, ки дар сурати ғолиб шудан дар интихобот, ба ӯ мақоми расмӣ медиҳад.