Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки барои бозсозии Украина 39 миллиард доллар медиҳад.
Раиси Кумисюни Аврупо рӯзи 20-уми сентябр ҳангоми боздид аз Киев дар бораи ин қарз сухан гуфт.
Урсула фон дер Лейен гуфт, Украина ба сабаби ҳамлаи бераҳмонаи Русия ба пуштибонии пайвастаи Иттиҳоди Аврупо эҳтиёҷ дорад.
Президенти Украина дар нишасти хабарии муштарак бо Урсула фон дер Лейен гуфт, нақшаи кишвараш барои пирӯзӣ дар ҷанги Русия дар соли ҷорӣ ба тасмимҳои фаврии ҳампаймонҳои кишвараш вобаста аст.
Владимир Зеленский афзуд, Украина қасд дорад аз қарзи Иттиҳоди Аврупо барои харидани таҷҳизоти дифои ҳавоӣ, нерӯи барқ ва силоҳ истифода кунад.