“Дар ҷумҳурият касе намехарид.” Авҷи фурӯши чодар дар Ҳирот

Қандаҳор, августи 2024

Дар шаҳри Ҳирот дар Афғонистони таҳти ҳукумати “Толибон”, ки занон ба беҳуқуқтарин қишри ҷомеа табдил ёфтаанд, фурӯши чодар (чодир, чодур) ё фаранҷӣ равнақ ёфтааст. Намояндагони “Толибон” гуфтанд, чеҳраи занон набояд аён бошад, чун ба қавли онҳо сабаби фитна дар ҷомеа хоҳад шуд.

Абдулкарим, дӯкондоре дар Ҳирот, гуфт: “Муддате мешавад, ки фурӯши чодир рушд кардааст. Қаблан, вақте ҷумҳурият (ҳукумати пешини Афғонистон) буд, касе намехарид. Ҳоло ки аморат (“Толибон”) омадааст, зиёдтар мехаранд, ба атроф ҳам мебаранд, дар дохили шаҳр ҳам мефурӯшанд.”

Арзиши як чодир аз 7 то ба 70 доллар мерасад. Чодирҳои гаронтар дастдӯзӣ ҳастанд. Аз Ҳирот ба вилоятҳои дигари Афғонистон ҳам мерасанд.

Баракатулло, дӯкондори дигар, мегӯяд, “чодиру бурқаро ба Қандаҳор, Ҳилманд, Ғазнӣ, Кобул, Мазори Шариф, Форёб, Қалъаи нав мебаранд. Ба аксар вилоятҳо мебаранд.”

Дӯзандагонаш мегӯянд, ки равнақи фурӯши чодир ба далели дастури "Толибон" барои пӯшида будани чеҳраи занон ва манъи пӯшидани либоси кӯтоҳ аст.

Баъзе аз олимони равияи ҳанафӣ бар ин назар ҳастанд, ки пинҳон будани чеҳраи занон ҳатмӣ нест, аммо дар қонуни нави вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари "Толибон" омадааст, ки пинҳон кардани рӯйи зан ба сабаби “тарс аз фитна” зарурист.

Пинҳон доштани чеҳраи занон дар давраи аввали ҳокимияти "Толибон" дар миёнаи солҳои 90-ум маҷбурӣ шуд. Аъзои ин гурӯҳ баъди бозгашташон ба қудрат дар се соли пеш дигарбора дастуру қонунҳои иртиҷоиашонро барқарор карданд.

Яке аз аввалин қарорҳои гурӯҳи тундрави “Толибон”, ки моҳи августи соли 2021 ба сари қудрат дар Афғонистон баргашт, маҳрум кардани занон аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳо ва мактабҳо буд. Сарфи назар аз танқиди зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ин гурӯҳ занонро аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ ва хусусӣ ҳам маҳрум кард.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Ҳирот фурӯши фаранҷӣ авҷ гирифт