Тақрибан аъзои 200 хонавода дар шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон – ба ҷои амн кӯч дода шуданд. Умед Тӯтишоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Хоруғ, рӯзи 18 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари ин афрод сокинони маҳаллаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав ва Моёншо Назаршо буда, "хавфи фаромадани тармаи бузург ба болои манзилашон вуҷуд дорад". Вай гуфт, бархеи сокинон дар хонаи дӯстону наздикон ва аъзои ду оила дар марказҳои созмондодаи онҳо дар мактабу ниҳодҳои фарҳангӣ ҷойгир шудаанд.
Тайи як моҳи охир бар асари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон 13 нафар ҷон бохтанд.
"Дар маҷмӯъ, беш аз 650 нафар дар чунин ҳоланд. Мо барои пешгирӣ аз талафоти зиёд ҳангоми фаромадани тарма онҳоро кӯч додем. Ҳоло тарма нафаромадааст, вале хавфаш боқист. Беҳтар аст, сокинон чанд рӯз дар манзилҳояшон набошанд", - гуфт ӯ.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, дар чанд рӯзи гузашта бориши барфи шадид боис ба фурӯрезии боми 25 манзили сокинон шуда, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ низ ба далели "дар маҳалли хатар буданаш" дафтари худро муваққатан бастааст. Тайи як моҳи охир бар асари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон 13 нафар ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ки танҳо дар моҳи январи имсол дар кишвар ҳудуди 250 тарма фаромадааст. Аз ҷумла, 152 ҳолат дар Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа, 22 ҳолат дар Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб сабт шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози моҳи феврал дар нишасти Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи кишвар гуфт, дар панҷ соли гузашта бара сари офатҳои табиӣ беш аз 120 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар хонаву дороиҳои худро аз даст додаанд. “Дар маҷмӯъ, ба буҷа ба маблағи 600 миллион доллар хисорот ворид шудааст, - гуфт ӯ. Вай аз сокинони доро ва мақомот хост, ки дар ин лаҳзаҳои мушкил ба афроди ниёзманд кумак кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз Маркази обу ҳавошиносӣ ва Академияи илмҳо низ хост, ки пайваста вазъи обшавии пиряхҳо дар кишварро пайгирӣ карда, ба ниҳодҳои зидахл гузориш диҳанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, бар асари гарм омадани ҳаво обшавии пирях дар вилояти Бадахшон мушоҳида шуда, селфароӣ аз ҳодисаҳои зиёновари табиӣ дар чанд соли охир будааст.
“Аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ аз ҳама бештар сел ба қайд гирифта шудааст, ки 34 дар сади ҳолатҳои фавқулодаро ташкил медиҳад. Аз рӯи хисороти иқтисодӣ низ мавқеи аввалро ҳолатҳои сел ишғол менамоянд ва беш аз 63 фоизи хисороти иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат расида ба оқибатҳои харобиовари сел рост меояд”, - гуфт ӯ.
Видеои аз зери тарма зинда берун кашидани ҷавони тоҷик
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин сӯҳбаташ омодагиҳоро ба ҳамагуна ҳолатҳои фавқулода дар кишвар нокофӣ хонда ва аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, Вазорати нақлиёт, Саридораи геология ва мақомоти шаҳру навоҳии кишвар хост, ки ин мавзӯъро ҷиддӣ бигиранд. Тоҷикистон дар оғози моҳи феврал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост кард, ки барои рафъи оқибатҳои табиӣ ба кишвар ёрӣ кунанд.
Дархости ёрӣ аз хориҷа
Вазорати корҳои хориҷӣ бо такя ба омори Маркази обу ҳавошиносии кишвар гуфта буд, ки меъёри боридани барф дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон то 170 дарсад бештар аз нишондодҳои солҳои гузашта будааст. Ба иттилои ин ниҳод, захираи қабатҳои барфӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 168 дарсад, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Зарафшон 322 дарсад, Вахш 148 % ва дар саргаҳи рӯдхонаи Панҷ 156 фисадро ташкил додааст.