Бонки миллӣ 100 миллион доллар зиён дидааст

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Аудити мустақили Бонки миллии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин ниҳоди молӣ соли 2015 бештар аз 945 миллион сомонӣ ва андаке бештар аз 100 миллион доллар зиёни молӣ дидааст. Зараре, ки соли гузашта Бонки миллӣ бардоштааст, дар муқоиса ба соли 2014 камтар аст. Дар аудити Бонки миллӣ, ки ширкати “Энрст энд Янг” анҷом додааст ва онро ба тозагӣ нашр карданд, гуфта мешавад, соли 2014 бонк бештар аз 1 миллиард сомонӣ муодили 120 миллион доллар зарари молӣ бардошта буд.

Аудити баҳсбарангези Бонки миллӣ дар соли 2009 инҷост

Намояндаи бонк иқрор кард, ки сатҳи пасти касбии кормандони бонк, такрори вазифаҳо, зиёд будани қарзҳои мушкилситон аз чанд омили ангуштшумори зарар дидани бонк ва вазъи ноустувори молии он аст.

Як манбаъ дар Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 1 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "зарари молӣ мумкин аст, ба эътибори Бонки миллӣ латма бизанад, вале дар умум ба қудрати он дар танзими сиёсати пулӣ дар Тоҷикистон таъсир намегузорад."

Зафар Абдуллоев, хабарнигор ва иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, зиёни молӣ дидани Бонки миллӣ агар “фалокат” ҳам набошад, вале барои чунин ниҳоди муҳиме хуб нест. “Агар кишвар дар бӯҳрон бошад, Бонки миллӣ ҳам метавонад зарар бинад. Албатта ин фалокат нест, вале дар умум нишондиҳандаи хубе нест, зеро ҳамаи мудирон дар замони бӯҳронӣ бояд зиёни молиро ба ҳадди ақалл ва ё ба сифр расонад", – гуфт ӯ.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар Бонки миллӣ ҳам гуфт, бо назардошти зарарҳои пайиҳами бонк, Нақшаи стратегии солимгардонии Бонки миллӣ барои солҳои 2015-2019-ро қабул карданд ва имсол гурӯҳи корие таъсис шудааст, ки моҳе як бор ҷараёни иҷрои нақшаро баррасӣ мекунад. Ихтисори кормандону кам кардани хароҷот яке аз бахши ҳамин нақша аст, ки иҷрояш идома дорад.

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, ки соли 2015 дар Бонки миллӣ кор кардааст, мегӯяд, дар гузашта хароҷоти ғайриҳадафмандона зиёд буд ва аз ҷумла ба кормандони бонк барои хариди хона қарзҳои боимтиёзе медоданд, ки корманди дигар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон онро орзу мекунанд. Барои ҳамин соли 2015 ва имсол Бонки миллӣ барои беҳтар кардани вазъи молии худ ислоҳотро пеш гирифт. Дар ин сол 200 корманди бонкро ихтисор карданд, музди кори баъзе камтар шуд ва чанд мошини тирногузарро ҳам ба фурӯш гузоштанд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар Бонки миллӣ гуфт, ҳадаф аз ҳамаи ислоҳот, дар муддати кӯтоҳтарин ҳал кардани мушкилоти низоми бонкӣ ва “ноил шудан ба вазъи устувори Бонки миллӣ аст.”

Намояндаи бонк иқрор кард, ки сатҳи пасти касбии кормандони бонк, такрори вазифаҳо, зиёд будани қарзҳои мушкилситон ва батаъхирафтода, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ набудани ҳисобдорӣ аз чанд омили ангуштшумори зарар дидани бонк ва вазъи ноустувори молии он аст.

Бонки миллӣ, ки дар замони поин омадани қурби пули миллӣ нақши наҷотдиҳандаи сомониро иҷро мекунад, нақша дорад, захираҳои моливу арзӣ ва тиллояшро зиёд кунад. Аз ҷумла барнома дорад, аз Корхонаи муштараки “Зарафшон” дар 5 соли оянда бештар аз 10 тонна тилло бихарад. Барои зиёд кардани захираи арзӣ дар моҳи июни имсол 1 миллиарду 500 миллион рубли русӣ харидааст ва пеши худ ҳадаф гузоштааст, ки ҳар моҳ барои зиёд кардани захираҳои доллар дар Бонки миллӣ 40 миллион доллар арзи амрикоӣ бихарад. Тобистони имсол Бонки миллӣ гуфт, ки захираҳои пуливу арзиаш аз 480 миллион доллар бештар аст.

Бонки Миллӣ ҳамчунин тарҳҳои бузурги иқтисодии Тоҷикистонро як роҳи беҳбуд бахшидан ба вазъи молии худ мешуморад ва гуфтааст, ки соли оянда баъди шурӯъ шудани сохтмони лӯлаи гази Туркманистон-Чин, ки аз тариқи Тоҷикистон ҳам мегузарад, солона ба кишвар 90 миллион доллар ворид мешавад.

Бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000. Моҳи майи 2016

Тарҳи КАСА-1000, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Покистонро дар назар дорад, барои Бонки миллӣ сарчашмаи дигари арзи хориҷӣ ба ҳисоб меравад ва бар асоси пешбиниҳо, солона ба кишвар аз 127 то 170 миллион доллар меорад. Аммо айни замон Бонки миллӣ иқрор мекунад, ки ин рақамҳо фақат пешбинист ва хавфи он вуҷуд дорад, ки пули ин ду тарҳи бузург ба Тоҷикистон саривақт ворид нашаванд. Ва маълум ҳам нест, ки Бонки миллӣ ба ин зудиҳо вазъашро устувор мекунад, ё не?