Рустами Эмомалӣ кадрҳои оҷонсии зидди фасодро "аз ғалбер мегузаронад"?

Баъд аз раиси оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъин шудани Рустами Эмомалӣ аттестатсия ё санҷиши касбии кормандонаш эълон шудааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баъди ҳамагӣ 15 рӯзи раҳбари ин ниҳод таъин шудани Рустами Эмомалӣ -- генерали 27-сола ва писари раисиҷумҳур аттестатсия ё санҷиши касбии кормандонашро эълон кард.

Бо вуҷуди он ки чаҳорчӯбаи замонии анҷоми ин аттестатсия эълон нашудааст, аммо мусоҳибони Радиои Озодӣ дар ин Оҷонсӣ гуфтанд, аттестатсия аввали моҳи апрел оғоз шуда, тақрибан як моҳро дар бар мегирад. Маъруф Раҷабов, ваколатдори калони фаврӣ дар ин ниҳод гуфт, санҷиш ё аттестатсияи мазкур бидуни истисно барои ҳамаи кормандон ҳатмист ва ба он ғайр аз се муовин, ки онҳоро бо фармон раисиҷумҳур таъин мекунад, дигар ҳамаи раҳбарони сарраёсатҳову шӯъбаҳо, ҳам дар дафтари марказӣ ва ҳам дар бахшҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, бояд бо навбат аз аттестатсия гузаранд. Ба гуфтаи Раҷабов, ин аттестатсия дар дафтари марказии Оҷонсӣ дар шаҳри Душанбе анҷом мегирад.

Аз мусоҳибони Радиои Озодӣ касе пешгӯӣ карда наметавонад, оё раҳбарони бахшҳо ва сарраёсатҳои ин оҷонсӣ ҳамчунон дар мақомҳои худ боқӣ хоҳанд монд ё хайр, вале ин нукта равшан аст, ки як рӯз баъд аз ҷаласаи Шӯрои амният ба дунболи интиқоди раисиҷумҳур аз фаъолияти ин Оҷонсӣ, 18 феврал ҳамаи се муовини ин ниҳод -- Тоҳир Ҷобирзода, муовини якум ва ду муовин Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишозода аз мақомҳои худ барканор шуда ва ба ҷои онҳо ду нафар - Иброҳим Нусратзода ва Давлатбек Хайрзода ба кор шурӯъ карданд.

Маҳдӣ Собир, коршиноси тоҷик.

Ҳоло суоле пеш меояд, ки оё эълони аттестатсияи мазкур дар ин ниҳод идомаи мантиқии ин барканориҳо нахоҳад буд? Маҳдӣ Собир, коршинос ва корманди пажӯҳишгоҳи стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ришвахорӣ дар аксари идораву ниҳодҳои кишвар реша давондааст. Оқои Маҳдӣ афзуд: “Раисиҷумҳур дар нишасти Шӯрои амният аз ин ниҳод танқид кард ва гуфт, ки мо як Оҷонси мубориза бо коррупсия ташкил кардем, ки бо коррупсия мубориза кунанд, аммо худи инҳо коррупсионер ҳастанд. Барои ҳамин наздиктарин одами худ ва шахси бовариноки худро дар ин Оҷонсӣ раҳбар таъйин кард, ки ба ришвахорӣ хотима дода шавад ва кормандони он бар зидди ришвахорӣ дар ниҳодҳои дигар мубориза баранд. Барои ҳамин мубориза бо ришвахориро бояд аз ҳамин Оҷосӣ оғоз кунанд ва худи ин ниҳодро тоза кунанд. Ба фикри ман, мақсади ин аттестатсия низ ҳамин аст ва ба кор гирифтани кормандони мувофиқ аст.”

Оқои Собир мегӯяд, баъд аз поксозии ин ниҳод, муборизаҳои аслӣ дар пеш хоҳад буд ва Рустами Эмомалӣ бо истифода аз мавқеияти худ муборизаро бо ришвахорӣ дар вазоратхонаҳо идома хоҳад дод. Ба гуфтаи оқои Собир, “агар ниҳоди зиддикоррупсия тоза бошад, ҷойҳои дигар ҳам тоза мешавад”.

Константин Бондаренко.

Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон низ густариши ришваву фасод дар муассисаҳову ниҳодҳои Тоҷикистонгро таъйид мекунад, вале дар бораи ҳадафҳои баргузории аттестатсия дар Оҷонсӣ эҳтиёткор аст ва мегӯяд, раиси нав Рустами Эмомалӣ ба ин баҳона бо кормандони Оҷонсӣ ошно мешавад, дархосту пешниҳодҳои онҳоро мегирад ва ҳадафҳои барномавии худро ба онҳо мерасонад. Аз сӯи дигар, Константин Бондаренко истисно намедонад, ки аттестатсия яке аз роҳҳои нав кардани ҳайати кормандон низ буда метавонад. Вале Бондаренко мегӯяд, бо нав кардани ҳайати кормандони Оҷонсӣ, ришвахорӣ дар Тоҷикистон аз миён нахоҳад рафт.

Ҳимоят ва имконоте, ки Рустами Эмомалӣ дар мубориза бо коррупсия ё ришвахорӣ дар Тоҷикистон дорад, раисони пешини ин Оҷонсӣ надоштанд. Онҳо то сатҳи муайяне, ба гуфтаи маъруфи мардумӣ “пои худро дароз мекарданд”. Вале аз он ҳад намегузаштанд. Агар баъд аз анҷоми чунин аттестатсия Рустами Эмомалӣ дар сатҳи вазоратхонаҳо ба ришвахорӣ “лаҷом занад”, дар он сурат дар фаъолияти худ комёб хоҳад шуд ва эътибораш низ боло хоҳад рафт. Он гоҳ мубориза бо ришвахорӣ дар сатҳи поёнӣ ва миёна сабуктар хоҳад буд.

Бо назардошти ин суоле пеш меояд, ки оё ин генерали ҷавон Тоҷикистонро аз “бемории иҷтимоӣ”, яъне ришвахориву фасоди молӣ муолиҷа хоҳад кард ё вай ҳам бо анҷоми чанд тадбири намоишӣ, аз қабили анҷоми аттестатсия, рондани кормандони ришвахор ё боздошти намоишии чанд ришвахори сатҳи боло иктифо хоҳад кард?

Таҳлилгар Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал - демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто дар сурати ташкили кумиссиюни аттестатсионӣ аъзои дигари кумиссиюн талош хоҳанд кард, ки аз иродаи раҳбари ин Оҷонсӣ ҳимоят кунанд ва шаффофияту адолати ин аттестатсия зери суол хоҳад рафт, зеро сухани охир ва тасмими ниҳоӣ аз раиси нав хоҳад буд.

Шокирҷон Ҳакимов.

Оқои Ҳакимов мегӯяд, мутаасссифона дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон то ҳол ин таҷриба низ вуҷуд доштааст, ки раҳбари нав аттестатсияи кормандонашро анҷом медиҳад ва аз ин роҳ наздикони худро дар атрофаш гирд меорад. Вале оқои Ҳакимов дар мавриди Рустами Эмомалӣ аз изҳори ақида худдорӣ кард.

Тоҷикистон ҳамеша дар гузоришҳои созмонҳои байналмиллалӣ роҷеъ ба сатҳи ришвахорӣ чун кишварҳои дигари Шӯравӣ интиқод мешавад. Масалан, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), ки масоили мубориза бо фасодро назорат мекунад, моҳи ноябр дар яке аз гузоришҳои ахири аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки дар мубориза бо ришваву фасод набояд мақомоти баландпояро нодида бигиранд ва бар зидди онҳо низ бояд парвандаҳо боз кунанд.

Тетяна Хаванская-масъули ин созмон марказаш дар Порис таъкид кард, ки OECD барои пешгирӣ аз ришваву фасод ба ҳукумати Тоҷикистон 17 тавсия дода буд ва ҳукумати Тоҷикистъон ӯҳдадор шуда буд, ки ин тавсияҳоро иҷро кунад. Вале ҳеҷ як аз ин тавсияҳо пурра иҷро нашудаанд. 4 тавсия аксаран ва 13 тавсияи дигар қисман иҷро шудаанд. Он вақт раҳбарии ин Оҷонсиро Абдуфаттоҳи Ғоиб бар ӯҳда дошт.

17 феврал раиси ҷумҳур низ дар ҷаласаи Шӯрои амният бештар аз ин аз фаъолияти Оҷонсӣ интиқод кард ва баъди он акнун на танҳо се муовин, балки Абдуфаттоҳи Ғоиб низ курсии худро аз даст дод, вале бо вуҷуди интиқодҳо, раиси ҷумҳур вайро ба курсии дигар, раиси Хадамоти гумрук, нишонд ва ӯро бо Рустами Эмомалӣ дар ин мақом иваз кард.

Акнун Рустами Эмомалӣ кормандони Абдуфаттоҳи Ғоибро аз аттестатсия мегузаронад ва ҳанӯз рӯшан нест, ки “кадрҳои” раиси пешин дар мақомҳои худ боқӣ хоҳанд монд ё хайр? Ё Абдуфаттоҳи Ғоиб низ чунин корро дар Хадамоти гумрук анҷом хоҳад дод? Коршиносон мегӯянд, замоне фаро расидааст, ки дар ҳар аттестатсия “кадрҳои ману ту" набояд муҳим бошад, балки масъалаи муҳим касбият, садоқат ба кор ва донишу маҳорати корманд дар мадди аввал қарор бигирад.