Моҳҳои февралу март дар Тоҷикистон авҷи мавсими ҳамлаи сагони дайду ба инсонҳо дониста мешавад.
Агар сокини Тоҷикистон ҳастед, бояд аз моҳи оянда боэҳтиёт бошед, зеро дар ин фасл хатари ҳамлаи сагҳои дайду ба шумо бештар мешавад. Таҳқиқи омори расмии панҷ соли ахир нишон додааст, ки дар Тоҷикистон маҳз дар моҳҳои феврал ва март муроҷиати ҷабрдидагон аз сагҳои дайду ба табибон зиёд мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, сабаби афзоиши ҳамлаи сагон ба инсонҳо дар моҳҳои февралу март он аст, ки охири зимистон ва аввали баҳор, мавсими ҷуфтшавии сагон аст, дар ин муддат ин ҷонварон бадхашм мешаванд ва ба ҳар раҳгузаре, ки аз пешаш омад ҳамла мекунанд. Дар Тоҷикистон солона ҳазорон нафарро ё сагҳои дайду ва ё хонагӣ мегазанд ва баъзе аз онҳо бар асари сирояти бемории ҳорӣ аз сагон мефавтанд.
Бар тибқи иттиллоияи дафтари Созмони Милал дар Душанбе, ки ахиран нашр шуд, соли гузашта дар Тоҷикистон 14 124 мавриди газидани ҳайвоноти хонагиву ваҳшӣ ва ё сирояти оби даҳони онҳо ба инсон сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2012 1 881 маврид камтар аст. Вале ба ҳар сурат, ин ҳам рақами каме нест, чунки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон 38 нафар аз изи дандони саг ё оби даҳани ҳайвонот сироят мешаванд.
Соли гузашта бемории хатарноки сагҳои девона ва ё ҳорӣ ба 9 нафар сироят кардааст, ки сарнавишти онҳо маълум нест. Соли 2012 дар Тоҷикистон 15 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Бемории ҳорӣ муолиҷаи серхарҷ ва тӯлонӣ дорад, аммо таъхир дар муолиҷа метавонад, инсонро дар муддати кӯтоҳе бикушад.
Ҳамлаи сагон умдатан дар рустоҳои Тоҷикистон мушоҳида мешаванд, вале баъзе аз хонаводаҳо захми дандони сагро, ки бемор будан ва ё буданаш маълум нест, ҷиддӣ намегиранд ва баъди муддате азизашонро аз даст медиҳанд. Дидани селаи сагҳои дайду дар пойтахти Тоҷикистон ҳам касеро ба ҳайрат намеорад.
Абдухалил Азизов, раҳбари идораи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзан дар як рӯз дар пойтахт то 50 саги дайдуро нобуд мекунанд. Бино бар омори расмӣ, бо ҳадафи кам кардани хатари сагҳои дайду ба сокинони Душанбе то 1 октябри соли 2013 дар пойтахт беш аз 2 000 сагро куштаанд.
Аммо ба гуфтаи мақомот, ингуна сагҳо ҳамчунон ба пойтахт меоянд, зеро партовгоҳҳои боз ҳамчун манбаъи ғизо онҳоро ба сӯи худ мекашанд ва баъзеҳо аз навоҳии атроф, вақте аз нигоҳубини ин ҷонвар хаста шаванд, сагони худро ба Душанбе оварда раҳо мекунанд, то роҳи бозгаштро наёбанд, вале «худашон битавонанд ризқу рӯзӣ пайдо кунанд.»