Бар асоси омори расмӣ, танҳо дар се моҳи аввали соли равон беш аз ҳазор сокини ҷануби Тоҷикистон аз ҳамлаҳои сагҳои бесоҳиб осеб дидаанд.Ҳарчанд ҳифзи тартибот дар кӯчаю хиёбонҳо ва таъмини амнияти беҳдоштии шаҳрвандон бар дӯши мақомоти давлатист, ҳеҷ кадом аз мақомоти вилояти Хатлон масъулияти ҳамлаи сагон ва масрафоти муолиҷаи шаҳрвандони осебдидаро бар дӯш нагирифтаанд.
Ҳаким Худойбердиев, раиси Маркази вогиршиносии вилояти Хатлон, мегӯяд, дар зарфи соли 2008-ум наздик ба 4200 сокини ҷануби Тоҷикистон қурбони ҳамлаи ҳайвонот шуда ва захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба қавли оқои Худойбердиев, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мизони осебдидагон аз ҳамлаи сагони дайду Маркази вогиршиносии Хатлон аз тадобири хоса кор мегирад: «Ҳангоме, ки нафаре дучори ҳамлаи сагҳои дайду мешавад, ҳатман ки ба бемористон муроҷиат мекунад ва зимнан, масъулини бемористон моро хабардор мекунанд. Мо ҳисоби чунин мавридҳоро дорем. Ваксинаҳои махсус дорем ва сагеро, ки ба одам дарафтодааст, мӯҳлати 10 рӯз таҳти назорат мегирем. Агар саг намирад, пас нафари осебдида бемори ҳорӣ нест, зеро агар саг ҳорӣ бошад, баъд аз ҳамла ба инсон дар муддати 10 рӯзи оянда худаш мемирад…»
Маркази вогиршиносии вилояти Хатлон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ба вазъи беҳдоштии худ бештар аҳамият диҳанд ва аз ҳар гуна наздикӣ ва робита бо ҳайвоноти хиёбонӣ канорагирӣ кунанд. Ҳаким Худойбердиев, раиси маркази мазкур мегӯяд, бояд сагони дайду ва бесоҳиб аз хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ кашида шаванд, чун вазъи сиҳатии ин ҳайвонот таҳти назорати ҳеҷ ниҳоде нест: «Муассисаҳои КЖКП дар шаҳру навоҳӣ масъули маҳви сагҳои дайду ҳастанд. Агар ин сагҳо дайду бошанд, одаме, ки қурбони ҳамлаи онҳо мешаванд, бояд аз кӣ ҷуброн бихоҳанд? Шояд аз корхонаҳои коммуналӣ…»
Дар ҳамин ҳол, масъулини корхонаи фаръии хоҷагии коммуналии Қӯрғонтеппа мегӯянд, ҳарчанд ниҳоди мазкур ба маҳви сагҳои ҳорӣ ва бесоҳиби хиёбонӣ масъул аст, ба сабаби тангдастии молӣ ва дастгоҳҳои лозим, назири милтиқҳои шикорӣ ва утахасссони омӯхтаи шикорчӣ, ин корхона наметавонад вазифаи худро пурра анҷом бидиҳад. Абдувалӣ Эргашев, саршикорчии корхонаи мазкур, аммо гуфт: «Мо тибқи талаби ҳукумат сагҳоро шикор мекунем ва агар онҳое, ки аз саг осеб дидаанд, муроҷеъ шаванд. Лекин имконият надорем, ҳама сагҳои хиёбониро маҳв кунем…»
Бар асоси қавоиди ҷорӣ, бояд шумори саг ва кулли ҳайвоноти хонагии шаҳрвандон ҳисоби аниқ дошта бошад ва мақомот ба ҳар як саг шиносномаи махсус бидиҳад, то соҳиби вай маълум шавад, ки кист. Аммо ғолибан, афроде, ки қурбони ҳамлаи сагони дайду мешаванд, намедонанд, аз кӣ ҷуброн талаб кунанд?