Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик бо ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мукофотонида мешавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев рӯзи 21-уми октябр хабар дод.
Вай гуфт, бо пешниҳоди Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгари машҳур Дилшод Назаров барои дастоварди бузургаш дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ мукофотонида мешавад. Бар асоси номаи расмии Президенти Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои ин созмони ҷаҳонӣ рӯзи 15-уми ноябр дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа - барпо мегардад. Дилшод Назаров ба ин маросим даъват шудааст.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт.
“Рӯзҳои 12-16 ноябр дар Доҳа Ассамблеяи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ доир мешавад, ки барои иштирок дар кори он ман ва директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев даъват шудаем. Дар ин Ассамблея дар ҳузури роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии ҷаҳон ҷоизаҳои ANOC ба беҳтаринҳо, аз он ҷумла ба гурзандози машҳури мо Дилшод Назаров супурда мешавад ”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.