Соли 2016 бо қабули қонуни нав ба Эмомалӣ Раҳмон мақоми “Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат” доданд, ки бар ин асос ҳақ дорад, тамоми умр Тоҷикистонро идора кунад. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон низ вазифадор шуда буданд, ки ҳангоми муаррифии ӯ мақом ва унвонҳои дигари эҳтиромиаш пурра нависанд. Агар дар хабари якдақиқаие номи президент омада бошад, пас, талаффузи унвонҳои ӯ 15-20 сонияи хабарро дар бар мегирад.
Бори охир дар сомонаи президенти Тоҷикистон дар муаррифии Эмомалӣ Раҳмон ибораи “Асосгузори сулҳу ваҳдат” рӯзи 13-уми сентябр истифода шудааст. Пас аз ин, дигар ибораи “Асосгузори сулҳу ваҳдат” дар хабару суханрониҳо истифода нашудааст ва дар матнҳо бо навиштани “Пешвои миллат” иктифо шудааст.
Агар то як моҳи пеш дар хабарҳои расмӣ “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” навишта мешуд, ҳоло ин ҷумла андаке кӯтоҳтар ва чунин шудааст: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”.
Сабаби ин тағийр ва кам шудани як ибора аз унвонҳои Эмомалӣ Раҳмон маълум нест ва мақомот низ ҳанӯз онро расман шарҳ надодаанд.
Барои кӯтоҳ кардани ҷумла аст ё маънои сиёсӣ дорад?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гуфта буданд, ки "дар қудрат намемонам", "диктатура намесозам" ва "зидди пешвопарастиям". Ҳоло чӣ? ВИДЕОЯк манбаи наздик ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки салоҳияти суҳбат бо матбуотро надорад, рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими нанавиштани “Асосгузори сулҳу ваҳдат”-ро худи президент гирифтааст.
“Чанд бор матни суханронӣ ё хабарҳоро барои шинос шудан ба президент нишон додаанд. Худаш гуфтааст, ки ҳамин “Пешвои миллат” кофӣ ҳаст. Мушовиронаш ҳам гуфтаанд, пешвои миллат худаш маънои “Асосгузори сулҳу ваҳдат”-ро низ дорад, чун пешво кафили сулҳу субот барои як миллат аст,”—гуфт ӯ.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин тасмим барои кӯтоҳ кардани ҷумла гирифта шудааст ё маънои сиёсӣ низ дорад. Мунтақидон ҳамеша ба он ишора кардаанд, ки сулҳи Тоҷикистонро ду нафар: президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ асос гузоштаанд, чун як нафар ба танҳоӣ бунёдгузори сулҳ буда наметавонад.
Аммо ҷонибдорони Раҳмон мегӯянд, бе ризоияти ӯ сулҳ баъд аз ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ (1992-1997) номумкин буд. Ин дар ҳолест, ки чанде аз ширкатдорони дигари раванди сулҳ гуфтаанд, ки Раҳмонро дар он давра Русияву Эрон ба сулҳ водор кардаанд. Мунтақидон ибораи “Асосгузори ваҳдат”-ро ҳам зери суол мебаранд. Онҳо мепурсанд, агар мардуми кишвар пеш аз расидани Раҳмон низ як ваҳдати нисбӣ намедоштанд, ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил карда наметавонистанд.
Ҳангоме ки ҷонибдорони Раҳмон мегӯянд, дар замони раҳбарии ӯ кишвар орому обод шудааст, мухолифон далел меоранд, ки бебарқӣ ва вазъи кунунии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, зиндонӣ шудани садҳо нафар бо ҷурмҳои сиёсӣ ва дар мансабҳои калидӣ нишастани писару духтар ва наздиконаш ободкориҳои Эмомалӣ Раҳмонро камаҳамият кардааст. Онҳо бисёре аз дастовардҳои солҳои охирро ба талоши худи мардум ва хайрияҳои ихтиёрию маҷбурии соҳибкорон бастагӣ медиҳанд.
Қонуни баҳсбарангез
“Қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат” дар соли 2016 таҳия ва қабул гардид. Як манбаи наздик ба Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба шарти гуфта нашудани номаш ба Радиои Озодӣ ошкор кард, ки идеяи “Пешвои миллат” аз “боло” ба поён фиристода шуда, аз тарафи чанд омӯзгор ва зиёиён дар ҳоле матраҳ шуд, ки пешнависи қонуни мазкур тақрибан омода буд. Бо паҳн шудани ин пешниҳод дар байни аҳолӣ роҳ барои тасвиби қонун низ ҳамвор гашт. Он замон ба матуботи давлатӣ дастур дода шуд, ки дар тамоми хабару гузоришҳо унвонҳои Эмомалӣ Раҳмонро пурра ба кор баранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рӯзи Ваҳдати Миллӣ. Чаро дар Тоҷикистон ҷанг шуд? Нашуда метавонист?Ин қонун ба Эмомалӣ Раҳмон ҳақ медиҳад, ки тамоми умр, бемаҳдуд Тоҷикистонро идора кунад ва ҳатто дар сурати канор рафтан аз мансаби президентӣ нафари ҷойнишинаш ба ӯ итоат хоҳад кард. Мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон қабули ин қонунро авҷи шахспарастӣ дар Тоҷикистон дониста, хилофи меъёрҳои демократӣ номиданд. Ба гуфтаи онҳо, Эмомалӣ Раҳмон низоми диктаториро асос гузошта, тамоми мансабҳои муҳими давлатиро ба наздиконаш додааст.
Мухолифон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмонро “Асосгузори сулҳу ваҳдат” номидан номумкин аст, чун бо террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 ва зиндонӣ кардани даҳҳо узви ин ҳизб, ки як тарафи ҷанги шаҳрвандӣ буданд, созишномаи сулҳро поймол кард. Дастури “безарар” гардонидани фаъолони мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо иқрори худаш аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон дода шуд, бо пайомадҳоои хунинаш ва ҳам боздошту зиндонӣ шудани садҳо нафар зодаи ин вилоят як хати дигари ҷудоиро дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд овард, ки хилофи даъвои “ваҳдат” аст.
Дар матбуоти давлатӣ солҳост, ки Эмомалӣ Раҳмонро бо унвонҳои гуногун ном мебаранд. Дар ибтидо ӯро “мӯҳтарам” меномиданд ва баъдан вожаи “Ҷаноби олӣ” изофа шуд.
Вожаи “Ҷаноби олӣ” то соли 2016, яъне пайдо шудани унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат” истифода мешуд ва гоҳе худи президент дар мавриди худаш ин ибораро ба кор мебурд. Баъдан, ин ибора аз хабарҳои расмӣ берун шуд, вале мансабдорон ва таблиғгарони Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханрониҳояшон тамоми унвонҳои эҳтиромиро нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон истифода мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 30 қадами Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли ҳокимияташ