Чини "саховатманд" ҷойи Русияи ваъдахилофро дар минтақа танг мекунад

Нишасти Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Зерсохторӣ. Пекин, 29 июни соли 2015.

Бо таъсиси бонки минтақавӣ, асосан бо сармояи Чин, таҳлилгарон ба кишварҳои минтақа ҳушдор медиҳанд, ки аз Чин камтар қарз бигиранд, зеро оқибат дорад.

Даҳҳо кишвари ҷаҳон рӯзи 29-уми июн дар шаҳри Пекин зери санадҳои таъсиси Бонки Осиёии Сармоягузории Зербунёдҳо (Asian Infrastructure Investment Bank ва ё AIIB) имзо гузоштанд, ки ташаббускори асосии ташкили он Чин аст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Пекин ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тарафи Тоҷикистон зери ин санадҳо Абдусалом Қурбониён, вазири молия имзо гузошт. Саҳҳоми аслии бонки нав Чин аст, ки 26 дар сади саҳмияҳоро дар даст дорад. Сипас Ҳинд 7.5 дар сад ва баъди он Русия тақрибан 6 дар сади саҳмияҳои Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Зерсохториро дар ихтиёр доранд.

Ҳадафи асосии ин бонк, ки сармояи аввалияааш 100 миллиард доллар аст, мусоидат дар сохтмону таъмири роҳу бандарҳо, шабакаҳои барқӣ ва хатҳои роҳи оҳан дар тамоми қораи Осиё ва хориҷ аз он аст. Кубат Раҳимов, таҳлилгари иқтисодӣ аз Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шояд қисме аз ин миллиардҳо доллар барои иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон сарф шаванд, ки солҳои тӯлонист, дар “асорати бозиҳои геополитикӣ афтоданд” ва иҷро нашуданд.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари қирғиз, “Тоҷикистону Қирғизистон билофосила аз майли худ барои ворид шудан ба ҳайати муассисони бонк хабар доданд ва аз шумори 57 кишвари муассиси бонк ҳастанд. Ҳарду кишвар умедворанд, ки бисёре аз тарҳҳои зербунёдӣ ва энергетикии худро, ки 15 сол боз иҷро намешаванд, аз ҳисоби пули ин бонк амалӣ кунанд. Масалан нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон.”

Кубат Раҳимов, тарҳи нерӯгоҳи Қамбарота-1-ро мисол овард, ки Русия солҳо пеш ваъда дод, ки месозад, аммо ҳеҷ дараке аз он нест. Айни чиз бо нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон шуд ва ҳукумати Душанбе ҳам умедашро аз Русия канд. Бо пайдо шудани Бонки Осиёии Сармоягузории Зербунёдҳо, акнун ба гуфтаи Кубат Раҳимов, парчам дар Осиёи Марказӣ ба дасти Чин гузашт.

Ба эътирофи худи иқтисоддонҳои Чин, як сабаби таъсиси ин бонк, тавсиа додани ҳузури Чин дар низоми молии ҷаҳон аст, ки ҳоло Амрикову Иттиҳодияи Аврупо дар он пешсафанд. Дар симои Бонки Осиёии Сармоягузории Зербунёдҳо рақиби эҳтимолии Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушдро мебинанд, ки зери назари Ғарбу Ҷопон фаъолият мекунанд ва дар ивази ислоҳот дар иқтисод ба кишварҳои камбизоат ва дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон қарз медиҳанд. Ҳоло ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бе талаби ислоҳот, додани қарзу кӯмакҳои бузург метавонад дар ниҳоят бар зарари иқтисоди кишварҳое ба мисли Тоҷикистон тамом шавад, ки низоми иқтисодиашон ба низоми ҷаҳони муосир мутобиқ нест.

Ба гуфтаи Баҳром Шарипов, таҳлилгари тоҷик, васеътар кардани бозори фурӯши молҳои чинӣ як ҳадафи аслии ташкили бонки мазкур аст: “Ташкил кардани ин банк ба назари ман бештар ба манфиати худи Чин аст, барои дастгирии истеҳсоли ватанӣ ба воситаи амалӣ кардани барномаҳои минтақавӣ. Лекин таҷриба нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки аз ин тарҳҳо истифода мебаранд, самара мегиранд. Вале самара бештар мешуд, агар ин маблағҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод аз ҷумла барои лоиҳаҳои хурду миёнаи сармоягузорӣ истифода шавад, бисёр хуб мешуд, чунки бо баланд шудани сатҳи зиндагии мардум талабот ба молҳои хитоӣ ва дигар ашёи онҳо зиёдтар мешавад. “

Зимнан, дар тамоми тарҳҳои иқтисодие, ки Чин дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, шумо мошинҳои чиниро мебинед ва солҳост, ки мардум дар Тоҷикистон либосу пойафзори чинӣ мепушад, телефонҳои чинӣ дорад ва телевизиону техникаи электрониаш ҳам аксаран чинӣ аст. Дигар ин ки Чин дар чанд соли ахир ба сармоягузори аслии Тоҷикистон табдил ёфт ва барои сохтмони роҳу нақбу пулҳо ва шабакаҳои интиқоли барқ то кунун бештар аз 1 миллиард доллар харҷ кардааст. Аммо ба гуфтаи Кубат Раҳимов, коршиноси иқтисодӣ аз Қирғизистон ин пулҳо баргашта ба худи Чин мераванд:

“Ман худам мебинам, ки чӣ гуна дар шаҳри Бишкек, дар тармими як шоҳроҳи шаҳр коргарони чинӣ дар мошинҳои истеҳсоли чинӣ ва бо рақамҳои чинӣ кор мекунанд ва ман медонам, ки бақияи молу ашёи лозимиро низ аз Чин меоранд. Ин сабаби хашми мардум мешавад, чунки дар кишварҳои мо бекорӣ аст, бисёре аз қирғизҳову тоҷикон дар Русия ва дигар гӯшаҳои дунё кор мекунанд. Мо дар дохил шикоят мекунем, ки мо ҷойи кор надорем, вале Чин кӯмаки молӣ мекунад ва шарт мегузорад, ки ин тарҳро коргарони чинӣ иҷро мекунанд. Ин сиёсати маъмулии содироти хадамоти худашон аст ва Чин ин сиёсатро идома медиҳад. Аз ин рӯ хатари он вуҷуд дорад, ки бо таъсиси бонки нав, хатари экспансияи васеътари иқтисодии Чин зиёдтар мешавад.”

Ба ақидаи мусоҳибони мо, азбаски Тоҷикистону Қирғизистон муассис ва аъзои комилҳуқуқи бонк ба шумор мераванд, ҳатто агар саҳмияҳои зиёд ҳам надошта бошанд, вале бо вуҷуди ин бояд пофишорӣ кунанд, ки дар иҷрои тарҳҳо нерӯи корӣ, паймонкорон ва ашёи маҳаллӣ истифода шаванд. Дар ин сурат фоида баробар ва одилона тақсим мешавад.

Ба эътиқоди Кубат Раҳимов, ба ҳукуматҳои кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон зарур аст, ки аз ин фурсати ба миёномада, дигар хел истифода баранд. Барои онки ҳоло имкон ба вуҷуд омадааст, ки дар муддати кӯтоҳ шабакаҳои нақлиётиро таъмиру навсозӣ кунанд ва лоиҳаҳои энергетикиро зинда намоянд: "Дар маҷмӯъ аз тариқи таъмиру тармими зербунёдҳо, модели рушди иқтисодро дигар кунем ва ҷойҳои навӣ кори бисозем. Вале ҳамаи ин бояд ба нафъи иқтисоди миллӣ бошад ва на фақат ба манфиати корпоратисияҳои чинӣ."