Ашрафғанӣ хост, афғонҳо ҷиҳоди миллӣ эълон кунанд

Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон

Муҳаммад Ашрафғанӣ баъди тақрибан як ҳафтаи ҳамлаи хунин дар Ҷурми Бадахшон ба ин вилоят рафт ва аз сокинон даъват кард, зидди мухолифони мусаллаҳ, ки ба гуфтаи хориҷиянд, ҷиҳоди миллӣ кунанд.

Муҳаммад Ашрафғанӣ – раисиҷумҳури Афғонистон рӯзи 18 апрел аз шимоли ин кишвар боздиди якрӯза анҷом дод, то бо вазъ дар минтақа ошно шавад. Ин боздид баъд аз ҳамлаи як ҳафтаи пеши шӯришиёни толиб ба посгоҳҳои амниятии вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон сурат мегирад, ки 18 сарбозро ба қатл расонда, 8 тани онҳоро сар буриданд. Шӯришиён низ дар ин даргириҳо талафоти ҷонӣ доданд.

Дар робита бо ин хабар 13 апрел мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон хабар доданд, ки дар миёни ҷангиёни кушташуда "беш аз ҳафт тан аз ҷангиёни зодаи Тоҷикистон" низ ба қайд гирифта шудаанд. Баъд аз ин куштор Нурулҳақ Улумӣ, вазири умури дохилии Афғонистон рӯзи панҷшанбе аз ин минтақа боздид карда буд.

Ҷамшед Ҳабибзода, хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ дар ин боздид аз минтақа ҳайати раисиҷумҳур Ашрафғаниро ҳамроҳӣ мекард. Дар як мусоҳибаи телефонӣ аз Ҷамшед Ҳабибзода пурсидем, ҳадафи аслии боздиди Ашрафғанӣ аз вилояти Бадахшон чӣ будааст?

Ҳабибзода: "Ҳоло, ки рӯзи шанбе аст, раисиҷумҳур Ашрафғанӣ ҳам барои арзёбии ҳодисаи куштор ва ноамниҳо дар Бадахшон ба ин вилоят сафар кард ва шуморе аз мақомоти ҳукумати ваҳдати миллӣ низ раисиҷумҳурро ҳамроҳӣ мекунанд. Ӯ аз маркази вилоят аз шаҳри Файзобод боздид кард ва ҳамин ҳоло, ки мову Шумо сӯҳбат мекунем, дар ҳамин ҷо қарор дорад. Аз Файзобод то ҳол ба ҷои дигаре нарафтааст ва он гуна, ки аз барномаҳои сафар бармеояд, аз вулусволии Ҷурм, яъне аз минтақае, ки ҳамин куштор рух дода буд, боздид нахоҳад кард ва аз ин ҷо ба Кобул бармегардад."

Озодӣ: Муҳаммад Ашрафғанӣ дар ҳамоиши мақомоти раҳбарии вилояти Бадахшон суханронӣ кард? Нукоти аслии ин суханронӣ аз чӣ иборат буд?

Ҳабибзода: "Ашрафғанӣ гуфт, яке аз сабабҳои ноамнӣ дар Бадахшон сарвати маъданҳои ин минтақа аст. Дигар ин ки афроди мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ин вилоят фаъолият мекунанд. Идораи ин вилоят дурафтода аст ва ҳамчунин мухолифон ба ҳар роҳе мехоҳанд вазъро дар ин вилоят ноором созанд. Аммо оқои Ашраф Ғанӣ ба нерӯҳои тундгаро ҳушдор дод, куштори сарбозони афғон ҳаргиз наметавонад сабаби суқути давлати Афғонистон шавад. Ин нуктаро ҳам таъкид кард, ки аҳолии вилояти Бадахшон бар зидди мухолифони мусаллаҳ, ки шаҳрвандони Афғонистон нестанд ва даст аз мухолифат барнамедоранд, бояд як ҷиҳоди миллӣ оғоз кунанд. Дар робита бо сар буридани сарбозони афғон, ки чӣ гуна бояд баррасӣ шавад, раисиҷумҳур дастур дод, то ба ин ҳодиса ҳамаҷониба расидагӣ анҷом бигирад. Онҳое, ки иштибоҳ карданд, бояд шиносоӣ шаванд. Дар он сурат роҷеъ ба ин ҳодиса тасмим гирифта мешавад ва ислоҳот ба миён меояд."

Озодӣ: Чун фаъолияти нерӯҳои тундгаро дар шимоли Афғонистон бештар шудааст, оё бо назардошти он раисиҷумҳур дар бораи тақвияти нерӯҳои амниятӣ дар ин минтақа ва анҷоми амалиёти нобудии шӯришиён чизе гуфт?

Ҳабибзода: "Мушаххасан дар бораи оғози ягон амалиёт бар зидди нерӯҳои тундгаро ҳарфе назад. Аммо баъзе аз масъулони вилояти Бадахшон аз раисиҷумҳур тақозо карданд, то ливоеро ба ин вилоят равон кунанд, ё ливоеро созмондиҳӣ кунанд. Оқои Ашраф Ғанӣ ҳам тааҳҳуд кард, ки ба наздикӣ як ливо дар ин ҷо мустақар мешавад ва кори худро оғоз мекунад. Аммо мушаххасан дар бораи амалиёте бар зидди мухолифон чизе нагуфт."

Озодӣ: Қабл аз оқои Ашраф Ғанӣ оё раисиҷумҳури қаблӣ аз ин минтақа боздид карда буд ё ин нахустин боздиди раисиҷумҳури Афғонистон аз ин минтақа аст?

Ҳабибзода: "Дар давраи ҳукумати Ҳомид Карзай чунин рӯйдод пеш наомада буд. Вале Ҳомид Карзай ҳам аз вилояти Бадахшон боздид карда буд. Аммо ин аввалин сафари мақоми баландрутбаи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон баъд аз ҳафт моҳи омадан бар сари қудрат аст."

Озодӣ: Оё Ашраф Ғанӣ дар бораи ҳамкорӣ бо нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳам сӯҳбат кард, чун Тоҷикистон ҳам аз суботу оромӣ дар манотиқи шимоли Афғонистон манфиатдор аст?

Ҳабибзода: “Раисиҷумҳур ба таври мушаххас дар ин бора ҳарфе назад, аммо гуфт, ҳукумати Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз мухолифатҳои мусаллаҳона бо маҳофили байналмилалӣ ҳамкориашро пеш мебарад ва бо кишварҳои минтақа низ тамосҳо дорад. Аммо мушаххасан дар мавриди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳарфе нагуфт.”