Ҳасан Насруллоҳ беш аз сӣ сол раҳбари “Ҳизбуллоҳ” буд ва бахши аъзами ҷануби Лубнонро зери назорат дошт.
Сухангӯйи арабии артиши Исроил дар шабакаи "X" навишт, ки дар ҳамлаи рӯзи 27-уми сентябр Алӣ Каркӣ, фармондеҳи ҷабҳаи ҷанубии “Ҳизбуллоҳ" ва шуморе аз фармондеҳони дигари ин гурӯҳ кушта шудаанд.
“Паём возеҳ аст: ба ҳар касе, ки ба шаҳрвандони Исроил дар шимол, дар ҷануб ва дар ҷабҳаҳои дуртар таҳдид мекунад, хоҳем расид”, -- афзуд ӯ.
Нерӯҳои дифои Исроил низ дар паёме дар “X" навиштанд, ки "Ҳасан Насруллоҳ дигар наметавонад ҷаҳонро террор кунад".
Мақомоти “Ҳизбуллоҳ” марги Ҳасан Насруллоҳро таъйид накардаанд. Аммо як манбаи наздик ба “Ҳизбуллоҳ” рӯзи 28-уми сентябр гуфтааст, тамос бо Насруллоҳ аз шоми гузашта қатъ шудааст.
Артиши Исроил рӯзи 27-уми сентябр бидуни зикри номи Ҳасан Насруллоҳ гуфт, ки бо силсилаи ҳамлаҳо қароргоҳи марказии “Ҳизбуллоҳ”-ро дар зери биноҳои истиқоматӣ дар Бейрут нишон гирифт.
Дертар расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки дар ин ҳамлаҳо Зайнаб, духтари Ҳасан Насруллоҳ, кушта шудааст. “Ҳизбуллоҳ” ин хабарро тасдиқ накардааст. Ҳодӣ, писари Ҳасан Насруллоҳ, дар соли 1997 дар набардҳо алайҳи нерӯҳои исроилӣ кушта шуда буд.
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноати ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардаааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳасан Насруллоҳ: "Қаҳрамон" ё "оташафрӯзи ҷанг"?