Дар идомаи таниш дар Ховари Миёна, артиши Исроил субҳи душанбеи 23-юми сентябр ба чанд мавзеи гуруҳи "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануб ва шарқи Лубнон ҳамла кардааст. Амрико гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро созмони террористӣ медонад.
Пеш аз ин ҳамла, артиши Исроил ба мардуми Лубнон ҳушдор дода буд, ки аз маконҳои мутааллиқ ба "Ҳизбуллоҳ" дур шаванд, чун ҳамлаҳои “густурда ва дақиқтаре” алайҳи ин гуруҳ дар роҳ аст.
Хабаргузории расмии Лубнон эълом кард, ки ҳавопаймоҳои Исроил ба беш аз 80 макон дар ҷануби Лубнон ҳамла кардааст. Шарқи Лубнон ҳам ба гуфтаи ин манбаъ, шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроил буд.
Гузоришгарони хабаргузории Фаронса ҳам шунидани ҳамлаҳои сангин дар ҷануб ва шарқи Лубнонро тасдиқ кардаанд.
Сухангӯи артиши Исроил субҳи душанбе ба сокинони Лубнон, ки дар наздикии сохтмонҳои марбут ба "Ҳизбуллоҳ" зиндагӣ мекунанд, тавсия дод, ки барои ҳифзи ҷонашон фавран минтақаро тарк кунанд.