Матлаби ҷанҷолбарангези "Аргументы и Факты" дар бораи ҷорӣ кардани низоми раводид ё виза миёни Маскаву Душанбе, ки тасвирҳои тамасхуромезонааш аз вазъи Тоҷикистон бо вокунишҳои тунди корбарони Интернет ва сафорати кишвар дар Русия рӯбарӯ шуд, баъди як рӯзи чопаш аз сомонаи ин нашрия ғайб зад.
Ин мақола "Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж "АиФ" из Таджикистана" (Кишвари муҳоҷирон. Гузориши махсуси "АиФ" аз Тоҷикистон) унвон дошта, Тоҷикистонро ба замин ва Русияро ба офтоб шабоҳат додааст. "АиФ" дар пешгуфтори ин матлаб, ки 26 июн нашр кард, навиштааст, "тамоми Тоҷикистон аз ҳисоби кор дар Русия зиндагӣ мекунанд, мисли ин ки Замин аз Офтоб нерӯ мегирад. Шореҳи мо баъди сафари якҳафтаинааш ба Тоҷикистон ба ин натиҷа расид, ки бояд низоми раводид ҷорӣ шавад. Вагарна мушкили муҳоҷирон ҳал нахоҳад шуд."
Ҳоло дар бахши ҷустуҷӯи сомонаи "АиФ" ба ҷойи ин матлаб "Зачем мне ваш Гагарин?"-ро пайдо мекунед, ки замони нашраш моҳи феврали соли ҷорӣ буда, мазмунаш ба имтиҳони муҳоҷирон аз забону таърихи Русия рабт дорад.
Ин матлаб дар ҳоле "гум" шудааст, ки дар тӯли як рӯзи буданаш дар тӯри Интернет ба даҳҳо вокуниши корбарони тоҷик рӯбарӯ омад ва ҳатто Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, дар ин замина ба муаллиф ва масъулони "АиФ" посухи дандоншикан хоҳад дод. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат, 27 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ҳадафи матлаб ҷорӣ кардани низоми раводид аст, аммо муаллиф авзои Тоҷикистонро таҳқиромез ба тасвир кашидааст.
Намояндаи сафорати Тоҷикистон, аз ҷумла иддаои муаллифи мақоларо, ки мегӯяд, гуё сокинони даҳҳо деҳот хонахез ба Русия барои талбандагӣ рафтаанд, "нодуруст ва дур аз воқеият" донист. Ӯ гуфт, "агар ҳадафи ниҳоӣ ҷорӣ кардани низоми раводид миёни Тоҷикистону Русия бошад, пас, бояд аз дигар зовия, зовияи манфиатҳои худи Русия ба ин масъала назар дӯхт, на ин ки тоҷиконро ба масхара кашид".
Ба қавли Муҳаммади Эгамзод, "ин иқдом ҳаргиз ҷавобгӯи мақому мартабаи баланди кишварҳои дӯст ва шарикони воқеии стратегӣ нест ва нахоҳад буд."
Нашрияи "Аргументы и факты" 26 июн бо нашри матлабе аз раҳбарияти Русия хост, миёни Маскаву Душанбе низоми раводид ҷорӣ карда, ба ин тартиб бозори нерӯи кори худро ҳифз ва монеи роҳи қочоқбарони маводи мухаддир шаванд. Муаллифи матлаб мегӯяд, ҳарчанд тоҷикон мардуми меҳмоннавозанд, аммо ин хубияшон кофӣ нест, то реҷаи виза ҷорӣ нашавад. Ӯ мегӯяд, "юнониҳо низ моро дӯст медоранд, аммо бе раводид ба кишвари худ роҳ намедиҳанд".
Георгий Зотов, муаллифи мақола мегӯяд, дар ҳоле Русия дарҳояшро ба рӯи муҳоҷирони тоҷик во мондааст, ки Қирғизистону Узбакистон, Чин ва Қазоқистони ҳамсоя ва Эрони дӯст бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардаанд. "Ҳеч кас намехоҳад, шаҳрвандони кишвари камбағалро ба ҳудудаш иҷозаи вуруд диҳад. Ва фақат Русия аст, ки тоҷикон метавонанд бидуни мушкил биёянд. Натиҷааш ҳам маълум аст," --навиштааст Зотов.
Аммо намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, то кунун миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон низоми раводид ҷорӣ нест ва ин матлаб аз нигоҳи сарсарии муаллиф ба кишвар дарак медиҳад.
Георгий Зотов дар идома навиштааст, агарчӣ дар пайи беқурбшавии рубли русӣ қисме аз муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба зодгоҳашон баргаштаанд, вале бино ба пешбинии ӯ ин вазъ муваққатист. Ӯ мегӯяд, "онҳо дар Ватани худ ҷойи кор пайдо карда наметавонанд ва дубора ба Русия бармегарданд".