Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи гузашта ба ин мақом таъин ва Муродулло Давлатовро иваз кард, бо нашри як мақола аз ташхиси тиббии ҷавонон пеш аз издивоҷ ва хотима додан ба никоҳҳои хешутаборӣ ҳимоят карда ва гуфтааст, ин тасмимҳо мухолифи дини мубини ислом нест. Ин матлаби Баротзода дар торнамои оҷонсии "Ховар" ва Шӯрои уламо чоп шуда ва дар он пешниҳоди ҳатмӣ кардани муоинаи қабл аз никоҳ, ки моҳи январи соли ҷорӣ аз забони Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солонааш садо дод, "ташаббуси ғамхорона" таъриф шудааст.
Ӯ афзудааст, ҳадаф аз ин пешниҳод "ба ҷуз беҳтар намудани сармояи инсонӣ – дониш, саломатӣ, қобилияти корӣ ва сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон чизи дигаре нест."
Ҳарчанд мухолифони ин пешниҳод дар Тоҷикистон кам нестанд ва онро як навъ мазоҳи арзишҳои динӣ ҳам мешуморанд, аммо кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, ҳоло як комиссияи махсусро барои омӯзиши ин масъала ташкил додааст. Мақомот роҳандозии ташхиси қабл аз издивоҷи навҷавононро роҳи ҳалли азҳампошии оилаҳо медонанд.
Бино ба иттилои расмӣ, соли 2014 аз 95 ҳазору 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 дарсад зиёдтар аст.
Таҷрубаи Саудӣ, Миср, Кувайт...
Раҳбари нави маркази исломшиносӣ мегӯяд, мавзӯи ҳатмӣ кардани ташхиси пеш аз издивоҷи ҷавонон қабл аз он ки ба сокинон гуфта шавад, бисёр таҳқиқ шуда ва таҷрубаи кишварҳои дигар низ омӯхта шудааст. Ӯ меафзояд, дар Миср, Сурия, Арабистони Саудӣ, Иморот, Урдун, Кувайт ва Қатар қонунҳои алоҳида “Дар бораи низоми муоинаи пизишкӣ пеш аз издивоҷ” қабул шудаанд, ки баргирифта аз таҷрубаи кишварҳои пешрафта, аммо бунёдёфта бар асоси таълимоти Қуръонанд.
“Дар кишварҳои аз ҷиҳати масоҳати маъмурию ҷуғрофӣ ва шумораи аҳолӣ хурди арабӣ ба ин масъала муносибати ҷиддӣ ва дилсӯзона ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар Иморот пеш аз розигӣ додани тарафҳо ба бастани ақди никоҳ хулосаи Комиссияи махсуси вазорати тандурустӣ талаб карда мешавад,”-гуфтааст Файзулло Баротзода.
Ба қавли раиси нави Маркази исломшиносӣ, давлати Кувайт низ пеш аз бастани ақди никоҳ тарафҳоро маҷбур мекунад, то аз муоинаи пурраи тиббӣ гузаранд ва бо ин ҳадаф дар қаламрави ин кишвар 4 маркази махсуси озмоишгоҳҳои тиббӣ ҳам таъсис дода шудааст ва набояд имконияту дастовардҳои илму технологияи муосир сарфи назар шавад.
Назари сокинони оддӣ дар бораи ташхиси пеш аз издивоҷ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Тафаккури деҳотӣ"
Файзулло Баротзода мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон тӯли тақрибан ҳафтод сол зери султаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд ва таҳти идеологияи режими вақт кор мекард, аммо “девори устувори тафаккури деҳотии никоҳу оиладориро рахна карда натавонист”:
“Мебоист, дар замони истиқлол дар ин бахши муҳимми ҳаёти ҷомеа низ корҳои шоистаи таҳсин ва созгор ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба субут мерасонидем. Мутаассифона, мо ин навбат низ дар шароити мусоиди ба вуҷудомадаи таърихӣ, ба қавли Мавлоно раванди “бори дигар мо ғалат кардем роҳ”-ро пайгирӣ кардем. Ва бо ақлу ҳушу дасту пойи худ кишвари гулистонамонро дар як мижа задан ба кулбаи эҳзон мубаддал сохтем.”
Вай бовар дорад, даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки 5 сол идома карда, боиси сарсониву саргардонии ҳазорҳо хонавода шуда буд, “арзишҳои никоҳу оиладориро низ поймолу масхара кардааст”.
Раиси Маркази исломшиносӣ дар ин мақолааш ба хотима додан ба никоҳҳои хешутаборӣ низ дахл кардааст. Ӯ мегӯяд, агарчӣ дар даврони Шӯравии собиқ “дар тасаввури мардум духтарро аз як деҳа ба деҳаи дигар ба шавҳар додан ҳамчун падидаи носозгор ва сухане ношуниданӣ пазируфта мешуд”, ҷанги шаҳрвандӣ ба афзоиши он сабаб гардидааст.
"Ба никоҳи хешутаборӣ бас гӯем"
Файзулло Баротзода мегӯяд, ҳоло дигар чунин мушкил боқӣ намонда ва дини ислом низ никоҳи хешовандони наздики зинаи дуюмро иҷозат дода бошад ҳам, вале онро аз никоҳ бо бегонагон бартар надонистааст: “Доир ба ин масъала дастур ё супориши ҳатмӣ вуҷуд надорад. Яъне, дастурҳои бунёдии фиқҳи исломӣ комилан ба манфиати миллати мо ва бақои ҷомеаи хурраму насли солими он аст. Канораҷӣию дасткашӣ ва тарки никоҳи хешӣ, агар ба ҳамдигар куфв ё муносиб набошанд ва худи онҳо ҳамдигарро интихоб накарда бошанд, ҳаргиз гуноҳ нест ва сарзанише динию ахлоқӣ ҳам надорад.”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 23 январи соли ҷорӣ дар паёми солонаи худ ба парлумон никоҳи хешутаборӣ байни мардумро барои ҳифзи хонавода дар кишвар зиёнбор донист ва аз ҷумла ба 18 ҳазор кӯдаки маъюб дар кишвар ишора кард, ки аксари онҳо “ҳосил”-и никоҳҳои хешутаборианд. Ӯ аз мақомоти зирабти кишвар хоста буд, дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ин масъаларо омӯхта ва ба ҳукумат тарҳи қонунро пешниҳод намоянд. Баъд аз ин пешниҳод, расонаҳои давлатии Тоҷикистон маъракаи мубориза бо никоҳҳои хешутабориро шуруъ карда, чанде аз мусоҳибаи сокинонро ҳам нишон доданд, ки гӯиё ба далели издивоҷ бо хешони наздики худ соҳиби тифлони маъюб гардидаанд.
Вале ин пешниҳоди президент Раҳмон бо вокунишҳои бархе аз рӯҳониён ва сокинон рӯбарӯ шуд. Бархе аз онҳо гуфтанд, агар никоҳҳои хешутаборӣ боиси маслуқу маъюб шудани тифлон мегардид, ҳоло ними аҳолии Тоҷикистон бо асову аробачаи маъюбӣ мегаштанд ваё як умр хонанишин буданд.