Ароқчӣ иттиҳоми даст доштани Эронро дар тарҳрезии куштани Трамп рад кард

Аббос Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Эрон иттиҳомро дар бораи даст доштани Ҷумҳурии Исломӣ дар тарҳрезии куштори Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, рад кард. Аббос Ароқчӣ ҳамчунон хоҳони эҷоди боварӣ дар равобити Амрико ва Эрон шуд.

Ароқчӣ рӯзи 9-уми ноябр дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки як сенарияи нави қалбакӣ сохта шудааст ва дар ҳоле ки қотил аслан вуҷуд надорад, нависандагон як саҳнаи мазҳакавии дараҷаи севум офаридаанд.

Ишораи Ароқчӣ ба иддаои марбут ба тавтеае буд, ки ба гуфтаи Вашингтон, Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон мехост, Доналд Трампро бикушад.

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон шахсеро бо номи Фарҳод Шокирӣ барои куштани Трамп киро кардааст.

Доналд Трамп дар интихоботи рӯзи 5-уми ноябр пирӯз шуд ва моҳи январи соли 2025 ба унвони раисҷумҳури нави Амрико савганд ёд хоҳад кард.